Дар шаҳри Хуҷанд ярмаркаи минтақавии савдо таҳти унвони «Суғд-2014» ба кор оғоз намуд.
Бино ба иттилои хадамоти матбуоти раиси вилояти Суғд, ин ярмарка бо мақсади муаррифии маҳсулоти соҳаҳои саноату кишоварзии вилоят ва ба роҳ мондани ҳамкориҳои тарафайн бо соҳибкорону ширкатҳои давлатҳои хориҷӣ сурат мегирад.
Ба иттилои манбаъ, дар ярмарка беш аз 60 корхонаи саноатии вилоят маҳсулоти хешро аз қабили ҳунарҳои анъанавии дастӣ дар мисоли сӯзанидӯзию гилембофӣ, кордсозию тоқидӯзӣ, сабадбофӣ, масолеҳи сохтмонӣ, либосҳо, нӯшокиҳои ташнашикан, таҷҳизоти электронӣ, дастовардҳои соҳаи алоқа ва бонкҳо, шириниҳо, маҳсулоти ширию гуштӣ, дару тирезаҳои пластикӣ, намунаи сабзавоту полезиҳо ва меваҷот пешниҳоди меҳмонон ва сокинони вилоят мегардонанд.
Зикр мегардад, ки ба ярмаркаи мазкур намояндагони беш аз 30 давлати ҷаҳон аз қабили Росия, Қазоқистон, Қирғизистон, Афғонистону Эрон, Покистон, Белгия, Олмону Латвия ва ғайра даъват шудаанд.
Гуфта мешавад, дар доираи ин ярмарка чорабиниҳои мухталиф, аз ҷумла форуми байналмилалӣ бо номи «Қудрати воридотӣ ва тиҷорати байналмилалӣ», вохӯрии ширкатҳои тиҷоратии ватанию хориҷӣ, қабули меморандум ва созишномаҳои тарафайни ҳамкорӣ ва ҷамъбасти озмуни “Маҳсулоти беҳтарини соли 2014” ба нақша гирифта шудаанд.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста