Ба ҳамсари Александр Содиқов, ки ба гумони ҷосусӣ ба ҳабс гирифта шуд, муяссар гардид, ки бо шавҳараш дидору гуфтугӯ намояд.
Твавре ба «Азия-Плюс» Мушарраф Содиқова, ҳамсари Александр Содиқов хабар дод, рӯзи 26-уми июн ба ӯ барои вохӯрӣ бо ҳамсараш, ки дар тавқифгоҳи муваққатӣ (СИЗО)-и КДАм нигаҳдорӣ мешавад, иҷозат додаанд.
«Александ изҳор намуд, ки бо ӯ муомилаи хуш намуда, аз шиканҷа истифода накардаанд. Мо умедворем, ки ояндаи наздик ҳамаи ин ба охир расида, гурӯҳи тафтишотӣ ба хулосаи дуруст мерасад ва ӯро озод мекунанд», - гуфт Содиқова.
Қобили зикр аст, ки рӯзи ҷумъаи ҳафтаи гузашта, 27-уми июн дар аксари шаҳру кишварҳои дунё, аз ҷумла Лондон, Торонто, Вашингтон, Париж, Олмон, Қирғизистон, Австралия, Русия ва Қазоқистон дар мавзӯи «Ҳабси Александр Содиқов: хавф барои муҳаққиқон дар Осиёи Марказӣ» чорабинӣ баргузор шуд. Дар ин муколамаи ҷаҳонӣ олимон натанҳо қазияи ҳабси Содиқов, балки оқибатҳои бузургмиқёси он барои олимон ва муҳақиқон дар саросари ҷаҳонро баррасӣ намуданд. «Мо аз ҷонибҳои манфиатдор даъват мекунем, ки дар ин мавзӯъ чорабиниҳои мустақили худро доир намоянд», - изҳор намуданд дастандаркорони чорабинӣ.
Ёдрас мекунем, ки Александр Содиқов санаи 16-уми июн дар шаҳри Хоруғ боздошт шуд. Ӯ ба ҷосусӣ ба манфиати давлати хориҷӣ гумонбар дониста мешавад. Дар робита ба ин қазия мутобиқи моддаи 305и КҶ ҶТ (Хиёнат ба давлат) парвандаи ҷиноӣ боз шудааст. Дар шаҳри Хоруғ Александр барои лоиҳаи таҳқиқотӣ назарпурсӣ мегузаронид. Роҳбарони таҳқиқоти ӯ итминон медиҳанд, ки фаъолияти Содиқов қонунӣ, қотеъона илмӣ ва хусусияти академӣ дорад.




Ҷашни Меҳргон дар Душанбе чӣ гуна таҷлил гардид?
Дар Душанбе шаҳраки нави саноатӣ ва се корхонаи калон ба истифода дода шуд
Интиқодҳо аз сабқати Асҳоб Тамаев дар Душанбе. Дар Тоҷикистон пойгаи мошинҳо иҷозат аст?
“Як паёмак сабаб шуд”. Додситонии Хатлон бархе ҷузъиёти ба дарё андохтани 4 кӯдак аз сӯи модарашонро шарҳ дод
"Моҳӣ дар шаст” соҳиби Шоҳҷоизаи Синамоҷашнвораи байналмилалии “Тоҷи Сомон” шуд. Боз кӣ ва чӣ ҷоиза гирифт?
Боздошти як нафари дигар бо гумони қаллобӣ дар фурӯши хона дар Душанбе
“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи "Киштии Нӯҳ"-и Юнус Юсуфӣ | Қисми 3
Даргузашти Кароматуллоҳи Мирзо, Нависандаи халқии Тоҷикистон дар 83-солагӣ
Нон дар Тоҷикистон чанд сомонӣ аст?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 20 октябри соли 2025
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста