Дар машварати корӣ таҳти раёсати раиси шаҳри Душанбе Маҳмадсаид Убайдуллоев масъалаи роҳ надодан ба болоравии сунъии нархҳо ба маҳсулоти ғизойӣ дар моҳи Рамазон баррасӣ шуд.
Бино ба маълумоти хадамоти матбуоти мақомоти шаҳрдории пойтахт, дар машварат роҳбарони Комиссияҳои доимии Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе, соҳибкорону тоҷирони ба истеҳсол ва воридоти маҳсулоти ниёзи аввалия дар пойтахт машғулбуда, директорони бозорҳои коммуналию хусусӣ, роҳбарони сохторҳои марбутаи ҷумҳуриявию шаҳрӣ, мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, имомхатибони масҷидҳои панҷвақтаву ҷомеаи шаҳри Душанбе ва воситаҳои ахбори оммаи шаҳр ҳузур доштанд.
Ба иттилои мнабаъ, Маҳмадсаид Убайдуллоев дар ҷаласа аз таври стихиявӣ маҳз дар остонаи моҳи шарифи Рамазон ҳамасола болоравии нархи маҳсулоти ниёзи аввалия изҳори нигаронӣ намуда, таъкид дошт, ки соли ҷорӣ бо такя ба имону инсофи соҳибкорон ҷиҳати танзиму тавсияи нарх дар бозори истеъмолӣ дар ин моҳи муборак ҳеҷ қарору санаде қабл нашуд.
«Аммо тавре воқеият нишон медиҳад, имондорию инсофи бархе аз соҳибкорони мо мисли сухани каҷрафторон аз ҳам тафовути зиёд доранд, ки боиси бе ягон асос болобарии нарх ва поймолшавии ҳуқуқи истеъмолкунандагон дар шаҳр гардидааст, ки ин ҳолат роҳбарияти шаҳрро ба ҳеҷ ваҷҳ бетараф гузошта наметавонад», - гуфт ӯ.
Гуфта мешавад, Маҳмадсаид Убайдуллоев баҳри дастгирии табақаҳои ниёзманду иҷтимоии шаҳр аз соҳибкорон даъват ба миён овард, ки нисбати 20 анвои маҳсулоти ниёзи аввалия, аз қабили гӯшт, орд, нон, равғани растанӣ, биринҷ, макарон, шакар, шир, тухм, сабзӣ, картошка, пиёз, чака, бодиринг, помидор, карам, тарбуз ва харбуза дар ҳамаи бозорҳои шаҳр новобаста аз шакл ва тобеияти идоравӣ то 10% нархҳо ибтикоран коҳиш дода шаванд. Дастур дода шуд, кидар моҳи шарифи Рамазон гӯшти хушсифати говро бо нархи то 36 сомонӣ нигоҳ дошта, фурӯши равғани чарбу аз ҷониби қассобон комилан манъ карда шавад.
Зимнан зикр мегардад, ки дар робита ба масъалаи беасос боло бурдани нархҳо дар бозорҳои пойтахт, сокинони шаҳр ва меҳмонон метавонанд ба мақомоти шаҳрдории пойтахт муроҷиат намоянд.



Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста