Таҳлилҳои Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар даҳаи аввали сипаришавандаи моҳи Рамазон шаҳодат медиҳанд, ки тадбирҳои андешидаи шаҳрдории Душанбе дар ҳамбастагӣ бо аҳли ҷомеаи соҳибкорию тоҷирии шаҳр, баҳри таъмини коҳиши нархҳои 20 намуди маҳсулоти ниёзи аввалия натиҷаҳои судманд медиҳанд.
Бино ба иттилои сомонаи расмии мақомоти шаҳрдории пойтахт, рақамҳои омории Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар санаи 3 июли соли 2014 собит месозанд, ки нархҳои 20 намуд маҳсулоти дар марзи шаҳр танзимшаванда назар ба шаҳру ноҳияҳои истеҳсолкунандаи маҳсулот мутаносибан аз нархи бозорҳои Турсунзода (карам -2, 0, равғани растанӣ-8,0, шакар-5,0 сомонӣ), Ҳисор (бехпиёз-1,8, шакар-5,0, гӯшти гов-38 ва гӯсфанд-40 сомонӣ), Рашт (картошка-3,0, бехпиёз-2,0, сабзӣ-3,0, карам -3,0, помидор -3,0, бодиринг-3,0, шакар-5,0, тухм-0,80, биринҷ-9,0, равғани растанӣ-10 сомонӣ), Ваҳдат (картошка-2,0, сабзӣ-2,3, бодиринг-2,3, шакар-5,0, гӯшти гов-37, харбуза- 15 сомонӣ), Хуҷанд (картошка-2,4, шакар-5,0, харбуза -15 сомонӣ) паст ба фурӯш гузошта мешаванд.
Гуфта мешавад, гузашта аз ин баъд аз мудохилаи шаҳрдорӣ ба ин раванд ба ҳолати 4 июли соли ҷорӣ нархҳои 25 намуди маҳсулоти мониторингӣ дар бозори истеъмолӣ нисбати 1 июли ҳамин сол 19% коҳиш ёфтанд.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста