Ҳайати ҳукумати вилояти Суғд таҳти сарварии раиси вилоят Абдураҳмон Қодирӣ пагоҳ озими кишвари Олтойи Русия мешаванд.
Тавре ба «Азия-Плюс» як манбаъ аз ҳукумати вилоят хабар дод, дар ҷараёни дидору гуфтушунид бо мақомоти раҳбарии кишври Олтой масъалаҳои ҳамкориҳои дуҷонибаи минтақавӣ дар бахши саноату кишоварзӣ ва танзими муштаракаи раванди муҳоҷирати меҳнатӣ мавриди баррасӣ қарор мегиранд.
«Дар ҷараёни сафар дидору гуфтушунидҳо бо губернатори ин кишвар Александр Карлин, раиси маҷлиси қонунгузории Олтой Иван Лоор, намояндагони доираҳои тиҷоратӣ ва диаспораҳои тоҷикон дар назар аст», - гуфт манбаъ.
Зимнан зикр гардид, ки аз рӯи натиҷаҳои ин сафар миёни ҳукумати кишвари Олтой ва мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии Суғд созишномаҳо дар бораи ҳамкориҳои иқтисодиву тиҷоратӣ, илмиву техникӣ ва фарҳангӣ ба имзо хоҳанд расид.



Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста