Бо мақсади вусъат бахшидан ба корҳои ободонии боғи Камоли Хуҷандии маркази вилояти Суғд ва таҳлили корҳои то ба имрӯз иҷрошуда вобаста ба азхудкунии заминҳои дашти Сомғор бо иштироки масъулини соҳа дар толори мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят ҷаласаи навбатии назди Раиси вилоят баргузор гардид.
Бино ба иттилои хадамоти матбуоти раиси вилояти Суғд, нахуст бобати корҳои то имрӯз ба сомон расидаи боғи Камоли Хуҷандӣ ва масъалаҳои муҳими мавҷдуа дар самти навсозии боғ роҳбари ҶДММ «Ситораи Беназир» Ато Ризоӣ суханронӣ намуда, таъкид дошт, ки дар ин мавзеъ мақбараи Камоли Хуҷандӣ, чорбоғи Камол, хонамузе, майдони истироҳатӣ ва нишастгоҳҳои маданӣ сохта хоҳад шуд.
Гуфта мешавад, масоҳати умумии боғи мазкур 4 гектарро дар бар гирифта, фармоишгари лоиҳа Идораи сохтмони асосии вилоят ба шумор меравад. Дизайни боғ ва мақбара аз ҷониби мутахассисони эронӣ тартиб дода мешавад. Тибқи лоиҳа боғи маданӣ ва фарҳангиву фароғатии Камоли Хуҷандӣ то охири соли ҷорӣ пурра бояд омода карда шавад. Тавре мутахасиси эронӣ баён дошт, аз сабаби мавҷудияти баъзе мушкилиҳо корҳои лоиҳакашӣ то ба ҳол дар сатҳи зарурӣ анчом дода нашудааст.
Зимнан зикр мегардад, ки роҳбари вилоят Абдураҳмон Қодирӣ аз раванди сусти корҳо изҳори нигаронӣ намуда, иброз дошт, ки бояд дар ин самт корҳо ҷоннок карда шаванд. Раиси вилоят дастур дод, ки барои суръат бахшидани раванди корҳо аз буҷаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят 500 ҳазор сомонӣ маблағ ҷудо карда шавад.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста