Дар нашрияи русиягии «Весь мир» таҳти унвони «Таджикистан – Китай – курсом стратегического партнерства» (Тоҷикистону Чин – дар самти шарикии стратегӣ) китоби сафири Тоҷикистон дар Чин Рашид Олимов ба чоп расид. Дар ин бора агентии иттилоотии чинии « Жэньминь жибао » иттилоъ медиҳад.
Ба иттилои манбаъ, китоб ҳосили андешаи шашсолаи муаллиф буда, пеш аз ин беш аз 30 мақолаҳо дар маҷалллаҳои илмии Чину Русия ва Тоҷикистон нашр шудаанд.
Қобили зикр аст, ки ҳамчунин қаблан дар нашриёти Донишкадаи Шарқи Дури Академияи улуми Русия китобҳои дигари муаллиф бо номи «Таджикистан – Китай: опыт и возможности соразвития» (Тоҷикистону Чин: таҷриба ва имконоти рушди муштарак») ва «Таджикистан – Китай: на пути друг к другу. Возможен ли равноправный и взаимовыгодный диалог?» (Тоҷикистону Чин: дар роҳ ба сӯи ҳамдигар. Оё муколамаи баробар ва мутақобилан судманд имкон дорад?) низ ба табъ расида буданд.
«Ба сифати таркиби нав метавон зикр кард, ки ба китоб маълумоти тарҷумаиҳолии бозигарони калидии ҳамкории дуҷониба ворид шудаанд, ки ба мантиқи ҳикоят хеле хуб созгор омаданд. Хулосаҳои муаллиф, ки натанҳо шоҳиду нозир, балки иштирокчии бевоситаи ин ҷараён буд, ҷолиб ва баъзан ҷасуронаанд», - шарҳ медиҳад муҳтавои китобро муаллифи хабар.
Дар китоб аз сарчашмаҳои зиёд – то 600 номгӯй истифода шудаааст. Арзиши иловагии он дар он аст, ки китоби мазкур таҳти сарпарастии Академияи Дипломатии Русия нашр шудааст. Ин нахустин китоби олим-дипломати тоҷик аст, ки дар чунин нашрияи маъруф ба чоп расид. Як сол қабл ин нашрия маҷмӯаи густардаеро бо номи «Россия – Китай: четыре века взаимодействия» ба табъ расонида буд.
Китоби Рашид Олимов «Таджикистан – Китай – курсом стратегического партнерства» (Тоҷикистону Чин – дар самти шарики стратегӣ) ба муносибати сафари расмии раиси Ҷумҳурии Мардумии Чин Си Ҷинпин ба Тоҷикистон, ки бо даъвати президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар нимаи аввали моҳи сентябри соли ҷорӣ сурат мегирад, ба нашр расид.




Ҷашни Меҳргон дар Душанбе чӣ гуна таҷлил гардид?
Дар Душанбе шаҳраки нави саноатӣ ва се корхонаи калон ба истифода дода шуд
Интиқодҳо аз сабқати Асҳоб Тамаев дар Душанбе. Дар Тоҷикистон пойгаи мошинҳо иҷозат аст?
“Як паёмак сабаб шуд”. Додситонии Хатлон бархе ҷузъиёти ба дарё андохтани 4 кӯдак аз сӯи модарашонро шарҳ дод
"Моҳӣ дар шаст” соҳиби Шоҳҷоизаи Синамоҷашнвораи байналмилалии “Тоҷи Сомон” шуд. Боз кӣ ва чӣ ҷоиза гирифт?
Боздошти як нафари дигар бо гумони қаллобӣ дар фурӯши хона дар Душанбе
“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи "Киштии Нӯҳ"-и Юнус Юсуфӣ | Қисми 3
Даргузашти Кароматуллоҳи Мирзо, Нависандаи халқии Тоҷикистон дар 83-солагӣ
Нон дар Тоҷикистон чанд сомонӣ аст?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 20 октябри соли 2025
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста