Дар ҷаласаи навбатии Шӯрои миллии Тоҷикистон оид ба муқовимат бо коррупсия, ки имрӯз дар Душанбе таҳти раёсати нахуствазири ҷумҳурӣ Қоҳир Расулзода доир гардид, нақшаи кории Шӯро барои солҳои 2014-2015 тасдиқ карда шуд. Дар ин бора ба «Азия-Плюс» узви Шӯро, раиси Иттиҳоди журналистони Тоҷикистон Акбаралӣ Сатторов хабар дод.
Ба гуфтаи ӯ, назди аъзои Шӯро дар бораи фаъолият оид ба иҷрои тавсияҳои созмонҳои байнулмилалӣ дар самти муқовимат бо коррупсия роҳбарони Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия ва Прокуратураи генералии Тоҷикистон гузориш доданд.
«Шӯро ҳамчунин муқаррароти намунавии комиссияҳои муқовимат бо коррупсияро, ки дар назди мақомоти ҳокимияти давлатии тамоми шаҳру навоҳӣ ва вилоятҳо таъсис дода мешаванд, низ тасдиқ намуд», - қайд кард Сатторов.
Зимнан зикр гардид, ки дар кори ҷаласаи Шӯро ба ҷуз аъзои он, ҳамчунин роҳбарони чанде аз созмонҳои байнулмилалии муқими Душанбе низ ширкат варзиданд.



Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста