Шабакаҳои давлатии телевизион гузориш дар бораи рӯйдодҳо дар марзи Қирғизистону Тоҷикистон, дар ҷамоати Ворухи шаҳри Исфараро пас аз анҷоми гуфтушунидҳо намоиш медиҳанд.
Зимни нишасти хабарии имрӯза раиси Кумитаи телевизион ва радиои назди ҳукумати ҶТ Асадулло Раҳмон дар ин робита зикр намуд, ки сиёсати асосии шабакаҳои давлатии телевизиони Тоҷикистон дар он ифода меёбад, ки «ба ҷараёни гуфтушуниди ҷонибҳо, ки бе ин ҳам душвор аст, таъсири манфӣ расонида нашавад».
«Мо кӯшиш ба харҷ медиҳем, ки танҳо чорабиниҳои фарҳангии мардуми тоҷику қиргизро манзури тамошобинон гардонем, ки то ки вазъ бад нашавад. Аз рӯи натиҷаҳои гуфтушуниди ҷонибҳо як маводи телевизионӣ таҳияи карданием», - гуфт Раҳмон.
Ба гуфтаи ӯ, дар Исфара хабарнигорони шабакаҳои давлатии телевизион фаъолият доранд, аммо ин рӯйдодҳо ногаҳон ба вуқӯъ пайваста, онҳо дар бораи ин ҳодисаҳо саривақт хабар дода натавонистанд.
Дар робита ба гузриши телевизионӣ оид ба олими боздоштшуда Александр Содиқов номбурда зикр кард, ки ин мавод аз ҷониби хадамоти махсуси ҷумҳурӣ омода гардида буд. «Шабакаи телевизионӣ давлатӣ бо намоиш додани он ба қонуншикании ҳеҷ яке аз меъёрҳои журналистӣ роҳ надодааст, зеро касе ҷосусии ӯро тасдиқ ё вайро ба он гунаҳкор накардааст, - иброз дошт ӯ. – Агар гуноҳи Александр собит гардад, мо бори дигар ин гузоришро дар шабакаҳои давлатӣ намоиш медиҳем».




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста