- Бо пахши гузоришҳо дар бораи муллоҳои ҷодугар Кумитаи телевизион ва радиои назди ҳукумати ҶТ мақсади бадномкунии ягон ҳизберо надорад, - изҳор намуд зимни нишасти хабарӣ раиси Кумитаи мазкур Асадулло Раҳмон.
«Мо шаҳрвандонро аз фаъолияти муллоҳое огоҳ карданием, ки бо такя ба Ислом ё Қуръон ба фиреби онҳо машғуланд, зеро ин муллоҳо имрӯз бадбахтии ҷомеа мебошанд ва мо бояд ин амалҳоро пешгирӣ намоем», - шарҳ дод А.Раҳмон.
Дар ҳамин ҳол, бино ба гуфтаи муовини раиси Кумита Самад Ҳикматов дар баробари қабули барномаҳои телевизиони Тоҷикистон тариқи антенаҳои оддиву моҳвораӣ, барномаҳои шабакаҳои давлатии телевизион ва радиои Тоҷикистон акнун ба корбарони сомонаи интернетии Mediabay.tv низ дастрасанд. «Моҳи июн барномаҳои телевизиону радиои Тоҷикистонро тариқи ин сомона 94 ҳазору 186 нафар тамошову гӯш доданд, ки нисбат ба моҳи гузашта 17,73% бештар аст», - иброз дошт номбурда.
Зимнан зикр гардид, ки баронмаҳои телевизиону радиои Тоҷикистонро ассоан дар кишварҳое чун Русия, Қазоқистон, Чин, Кореяи Ҷанубӣ, Туркия, Озарбойҷон, Олмон, ИМА ва Юнон тамошову гӯш мекунанд.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста