Мушовири президенти Тоҷикистон оид ба масъалаҳои амният Шералӣ Хайруллоев ҳамроҳ бо намояндагони мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатии вилояти Суғд оилаи сокини аз тири марзбонони қирғиз ҳалокшуда Сафоиддин Шарофовро аёдат кард.
Тавре ба «Азия-Плюс» муовини аввали раиси вилояти Суғд Ҷумъабой Сангинов хабар дод, бинобар сабаби даргузашти бемаҳали марҳум ба аҳли оилаву наздикони ӯ ҳамдардии самимона изҳор карда шуд. «Албатта, ба аҳли оилаи марҳум ҳамаҷониба дастгириву кумак расонида шуда, онҳо бо ғамхории ҳукумати маҳаллӣ ва дар маҷмӯъ ҳукумати кишвар фаро гирифта хоҳанд шуд», - иброз дошт ӯ.
Ҷасади Сафоиддин Шарофов, падари се фарзанд шоми рӯзи ҷумъа ба хок супурда шуд. Ӯ зимни муноқиша ҳангоми гузаронидани қубури об аз тири марзбони кишвари ҳамсояи Қирғизистон ба ҳалокат расид.
Бар асари муноқишаи рӯзи 10-уми июл дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон ҳамчунин боз 10 нафар шаҳрвандони Тоҷикистон осеб дида, бо ҷароҳатҳои гуногун ба бемористон мунтақил шуданд.
Як манбаъ аз маркази солимии ҷамоати Ворух дар ин робита иттилоъ дод, ки талафот метавонист зиёдтар шавад, вале ба туфайли тадбирҳои дақику фаврии ҷарроҳони маҳаллӣ, муяссар шудааст, ки хунравии зиёди ду нафар сокини захмишудаи Бедак саривақт пешгирӣ карда шуда, ҷони онҳо аз хатар эмин бимонад.
Айни замон вазъи солимии ҳамаи захмишудагон қаноатбахш ва се нафари дар шуъбаи эҳёгарии бемористон қарордошта муътадил аст.
Ба хабарнигори «Азия-Плюс» муяссар шуд, ки бо яке аз ҷароҳатбардоштагон ҳамсуҳбат шавад. Ӯ дар робита ба ҳодисаи рухдода чунин гуфт: «Ман то ҳол бовар карда наметавонам, ки муноқишаи маъмули лафзӣ метавонад бо чунин фоҷеа бианҷомад. Охир мо на дар қаламрави баҳсӣ, балки дар заминҳои худ машғули кор будем ва ҳеҷ касе интизорӣ надошт, ки дар ин моҳи ҳам барои тоҷикон ва ҳам қирғизҳо шарифи Рамазон марзбонони кишвари ҳамсоя нисбати мо аз силоҳи оташфишон истифода мекунанд».




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста