Ҷиҳати расонидани кӯмак ба беш аз 5000 нафароне, ки аз селобаҳои баъд аз боронҳои сахти аввалҳои моҳи майи соли ҷорӣ дар Тоҷикистон зарар диданд, Комиссияи Аврупо 88 ҳазору 871 евроро ҷудо намуд.

Дар иттилоияи дар ин робита интишоршудаи намояндагии Иттиҳоди Аврупо дар Тоҷикистон зикр мегардад, ки беш аз як ҳазор оила аз селобаҳо зарар дид, шумораи зиёди онҳо хонаҳояшонро аз даст дода дар биноҳои мактабҳо, масҷидҳо ва ё дар хонаҳои хешовандонашон муваққатан ҷойгир карда шуданд.

«Саридораи Комиссияи Аврупо бо номи ЭКО, ки оид ба кӯмакҳои башардӯстона ва ҳимояи авом кор мекунад, тибқи дархости Федератсияи Байналмилалии Салиби Сурх ва Ҳилоли Аҳмар (ФБСС) барои фонди ҳолатҳои фавқулодаи ин созмон маблағ чудо кард. Қарори мазкур бар асоси баҳодиҳии дақиқ, ки дар ҳамкорӣ бо мақомоти давлатии Тоҷикистон оид ба ҳолатҳои фавқулода гузаронида шуда буд, қабул шуд», - баён мегардад дар иттилоия

Гуфта мешавад, Ҷамъияти Ҳилоли Аҳмари Тоҷикистон маблағи мазкурро гирифта барои зарардидагон сарф хоҳад кард то мардумро бо пӯшокворӣ, кӯрпача, бастачаҳои беҳдоштӣ ва асбобҳои пухтупаз таъмин намояд.

Тоҷикистон кишвари кӯҳистонӣ буда дар муқобили офатҳои табиӣ чун селу ярч, ки қариб ҳар сол инҷо зарба мезананд, хеле осебпазир аст. Тавассути барномаи худ омодагӣ ба офатҳои табиӣ бо номи ДИПЕКО, Комиссияи Аврупо беш аз 10 сол ин ҷониб дар Тоҷикистон талош дорад, ки қудрати ҷамоатҳои маҳалиро дар муқобили офатҳои табиӣ пурзуртар гардонад.

Маълумотнома: Байни ЭКО ва ФБСС созишномае барои соли 2014 ба имзо расид, ки тибқи он ба фонди ҳолатҳои фавқулодаи ФБСС 3 миллион евро гузаронида мешавад. Маблағи фонди мазкур асосан барои рафъи оқибатҳои офатҳои "хурд" истифода бурда мешавад. Одатан ингуна офатҳои хурд муроҷиати расмии ҳукуматҳоро ба ҷомеаи ҷаҳонӣ наметалабад.

Фонди ҳолатҳои фавқулода дар соли 1985 таъсис ёфта аз ҳисоби маблағҳои донорҳо пур мегардад. Ҳар боре, ки барои вокуниш ба офати табиӣ ягон Ҷамъияти Миллии Салиби Сурх ё Ҳилоли Аҳмари ба таври таъҷилӣ маблағ гирифтанӣ шавад, он метавонад маблағҳои заруриро аз фонди мазкур дархост намояд. Ҷиҳати рафъи оқибатҳои офатҳои хурд, ФБСС аз фонди мазкур маблағи заруриро ҷудо мекунад ва баъдан донорҳо ин фондро боз пур мекунанд. Созишномаи дар боло зикршуда имконият медиҳад, ки фонди ҳолатҳои фавқулода пур гардида ба ҳамоҳангии кӯмакрасониҳо мусоидат намояд.