Дар зарфи 6 моҳи соли равон дар минтақаи Кӯлоби вилояти Хатлон шумори гирифторони бемории Вируси норасоии масунияти одам (ВНМО, ВИЧ)/Бемории пазируфтаи норасоии масуният (БПНМ, СПИД) 61 нафар зиёд шудааст, ки нисбат ба нишондиҳандаи ҳамин давраи соли гузашта 10% камтар мебошад.
Мудири Маркази вилоятии мубориза ва пешгириии бемории ВНМО/БПНМ дар минтақаи Кӯлоб Тоҳир Туманов ба «Азия-Плюс» дар ин робита иттилоъ дод, ки ҳамин тариқ шумори умумии мубталоёни гирифторӣ ба ин беморӣ дар минтақа аз оғози нахустин сабти ҳолати гирифторӣ дар соли 2003 ба 809 нафар расидааст.
«Аз беморони тозасабтшуда 33 нафарашон сокинони шаҳру ноҳияи Кӯлоб ва боқимонда аз тамоми ноҳияҳои минтақа, аз ҷумла 8 нафарӣ аз ноҳияҳои Восеъ ва Фархор мебошанд», - иброз дошт вай.
Ба қавли ӯ, феълан миёни занони синнусоли қобили таваллуд (репродуктивӣ) шумори гирифторон ба ин беморӣ меафзояд, ки ин вазъ хеле нигаронкунанда аст. «Аз 61 нафари сироятёфта дар соли гузашта 28 нафарашон занон буданд, ки чунин таносуб қаблан ба мушоҳида намерасид», - изҳор дошт Туманов.
Номбурда ҳамчунин тамоили дигари ташвишовар дар ин самтро зикр карда, иттилоъ дод, ки маъмулан дар ин самт истеъмолгарони маводи нашъаовар тариқи сӯзандору бештар буданд, вале акнун шумори гирифторон тавассути алоқаи ҷинсӣ низ дар ҳоли афзоиш аст, ки аз миқдори умумӣ 44,2%-ро ташкил медиҳанд.
Бино ба маълумоти Туманов, айни замон 201 нафар мубталоёни ин беморӣ мавриди муолиҷа қарор дошта, тайи 10 соли бақайдгирии ин беморӣ дар минтақа 254 нафар сироятёфта ба ҳалокат расидаанд.




Муҳоҷири ӯзбек як кӯдаки ҳафтсоларо дар Русия, ки аз ошёнаи 7-ум меафтод, наҷот додааст
Умед Ҷайҳонӣ: “Дар Нерӯҳои мусаллаҳи Тоҷикистон аз “Шоҳнома” рангу нишоне дида намешавад!”
Додгоҳҳои Тоҷикистон дар як сол ба буҷет беш аз 216,3 млн сомонӣ ворид кардаанд
Дар Русия мехоҳанд намозхонӣ дар бинову иншооти ғайриистиқоматиро манъ кунанд
Дар Русия ҳуҷҷатҳоятонро гум кардед? Роҳнамо ба муҳоҷирони тоҷик
Ҳалокати се ҷавони тоҷик дар пайи садамае дар вилояти Оренбург
Ҳабси ду фурӯшандаи гӯшт барои "итоат накардан ба амри корманди милитсия..."
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 32
Рӯзадорӣ ба кӣ фарзу кӣ аз он озод ва чӣ рӯзаро мешиканад? Муҳимтарин нукот дар бораи Рамазон
Думаи Русия маҳдудияти нав барои муҳоҷирон ва фарзандони онҳоро баррасӣ мекунад
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста