Адвокати Зайд Саидов, соҳибкори дар Тоҷикистон ба 26 соли зиндон маҳкумшуда ба «парлумон ва ҳукуматҳои кишварҳо, сафоратхонаҳои кишварҳои муқими Тоҷикистон ва созмонҳои байнулмилалии ҳомии ҳуқуқ» муроҷиат кард.
Дар муроҷиатнома Ш.Қудратов зикр мекунад, ки зимни баррасиишгикояти кассатсионӣ рӯзи 23-юми май ҳукми содиршуда нисбати зерҳимояи ӯ бетағйир гузошта шуда, ҳамин тариқ, тамоми тартиботи дохилидавлатии муроҷиатҳо паси сар шуд.
Адвокат парвандаи мазкурро сирф сиёсӣ хонда, мутмаин аст, ки он мустақиман ба вокуниши ҳукукматдорон ба ташаббуси З.Саидов ва ҳаммаслакони ӯ оид ба таъсиси ҳизби сиёсии «Тоҷикистони нав» марбут аст.
Дар муроҷиатнома Қудратов қайд мекунад, ки зимни тафтиши парвандаи ҷиноии зерҳимояи ӯ меъёрҳои Конститутсияву қонунҳо, санадҳои ҳуқуқии байнулмилалии аз ҷониби Тоҷикистон эътирофшуда риоя нашуда, ҷониби ҳимояи соҳибкор ба монеъаҳои зиёде дучор шуданд.
«Иншоот, дороиҳо ва амволи соҳибкор, ки дар ҷодаи соҳибкорӣ бо кордониву маҳорати худи соҳибкор ва қисмате тариқи сармоягузории хориҷӣ ба даст оварда шудааст ва наздикони ӯ ҳабсу мусодира гардида, ӯ аз воситаҳои зиндагӣ маҳрум мешавад», - мегӯяд дар муроҷиатнома адвокат.
Қудратов ҳамчунин зикр мекунад, ки адвокатҳои соҳибкор мавриди фишору таҳдид қарор гирифта, Ф,Зокиров бо баҳонаи саркашӣ аз пардохти қарз ба бонк ҳабс ва худи ӯ барои гӯё паст задани шаъну эътибори шахс ба ҷавобгарӣ кашида шудааст.
«Тоҷикистон як қисмати ҷомеаи ҷаҳонӣ буда, оид ба риояи ҳуқуқ ва озодиҳои шаҳрванд уҳдадориҳои байнулмилалӣ бар дӯш гирифтааст. Аз ин рӯ, аз ҳамаи Шумо дархост мекунам, ки дар доираи воситаҳои байнулмилалии ҳуқуқӣ ва тарзҳои ҳимоя, ки бояд тибқи ин уҳдадориҳо таъмин гардад, ба тақдири Зайд Саидов, маъюби дараҷаи 2-юм, ки вазъи солимиаш дар маҳбас торафт бад мешавад, таваҷҷуҳ зоҳир намуда, ба барқарор шудани ҳуқуқҳои ӯ мусоидат намоед», - гуфта мешавад дар муроҷиатнома.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста