Раиси Ҳизби демократи Тоҷикистон (ҲДТ) Саидҷаъфар Исмонов изҳор намуд, ки коҳиши шумори қитъаҳои интихоботӣ дар Русия аз 24 то 3 адад хеле зиёд ҳуқуқҳои муҳоҷиронро ба иштирок дар интихобот поймол мекунад.
Ба андешаи ӯ, ҳеҷ кадоме аз муҳоҷироне, ки ба гунаи мисол дар шаҳри Санкт-Петербург кор мекунанд, барои овоздиҳӣ ба шаҳри Маскав, сафоратхонаи Тоҷикистон намераванд. «Онҳо на вақту маблағ доранду на аз таҷрибаи кофии сиёсӣ бархӯрдоранд, то ки аз минтақаҳои гуногуни Русия ҷиҳати раъйдиҳӣ ба шаҳрҳои Маскаву Уфа ва Екатеринбург ҳозир шаванд, зеро танҳо дар ҳамин шаҳрҳо намояндагиҳои дипломатии Тоҷикистон амал карда, дар назди онҳо қитъаҳои интихоботӣ боз мегарданд», - мутмаин аст пешвои демократҳо.
С.Исмонов бар ин назар аст, ки вакилони амалкунанда шитобкорона тағйироту иловаҳо ба қонунгузории интихоботро қабул карданд, ки мувофиқи онҳо акнун танҳо дар намояндагиҳои расмии дипломатии Тоҷикистон дар Русия қитъаҳои интихоботӣ ташкил карда мешаванд. «Вакилони мардумӣ миқёси поймолкунии ҳуқуқи муҳоҷирон дар ин масъаларо ба инобат нагирифтанд», - таъкид дошт раиси ҲДТ.
Номбурда ҳамчунин зикр кард, ки беш аз 90%-и вакилони амалкунандаи палатаи поёнии парлумони ҷумҳурӣ зодагони деҳотанд ва шояд то имрӯз ҳам андешаву афкори музофотии худро канор нагузоштаанд. «Ман умедворам, ки пас аз интихоботи парлумонии моҳи феврали соли оянда, ниҳоят парлумони касбӣ дар кишвар ба фаъолият шурӯъ мекунад», - афзуд Саидҷаъфар Исмонов.
Бино ба маълумоти КМИР Тоҷикистон , дар маъракаи интихоботи парлумонӣ дар моҳи феврали соли оянда дар хориҷи кишвар ҳудуди 40 қитъаи интихоботӣ ташкил карда мешавад, ки нисбат ба интихоботи президентии санаи 6-уми нобри соли гузашта ва интихоботи парлумонии моҳи феврали соли 2010 хеле камтар аст.




Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 20 марти соли 2026
Иди саиди Рамазон муборак, ҳамдиёрони гиромӣ!
“Инсоф нест, роҳкироро то 200 сомонӣ кардаанд”. Нигаронии сокинон аз гаронии нархи роҳкиро дар арафаи Иди Рамазон
Аз тасдиқи кушта шудани вазири истихбороти Эрон то ҳамлаҳо ба таъсисоти нафтии Қатар, Арабистон ва Иморот
Аз “Хоби сурх”-у “Автобус” то “Муҷассамаи ишқ”. Дар “Тоҷикфилм ТВ” кадом филмҳоро метавон тамошо кард?
Расонаҳо: Қамчибек Тошиев ба Қирғизистон баргашт ва ба бозпурсӣ даъват шуд
Абрнок ва баъзан борон меборад. Ҳавои рӯзҳои ҷашни Наврӯз дар Тоҷикистон
Нархи чиптаҳои ҳавопаймо ба самти Душанбе - Хуҷанд баланд шудааст?
Думаи давлатӣ қоидаҳои будубоши кӯдакони муҳоҷирон ва соҳибони патентро сангинтар кард
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 50
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста