Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон раиси Вулус Ҷиргаи (парлумони) Ҷумҳурии Исломии Афғонистон Абдуррауфи Иброҳимиро ба ҳузур пазируфт.
Бино ба иттилои хадамоти матбуоти сарвари давлат, дар вохӯрӣ масоили вобаста ба муносиботи дӯстӣ ва ҳамкории гуногунпаҳлӯи ду кишвари ҳамсоя баррасӣ шуд.
Эмомалӣ Раҳмон дар оғози суҳбат изҳор дошт: “Рушди ҳамкорӣ бо Афғонистони ҳамсоя, ҳамзабон ва ҳамкеш аз авлавиятҳои муҳимтарини сиёсати хориҷии давлати мо мебошад ва масъалаи комилан ба эътидол овардани вазъияти ин кишвар ва истиқрори сулҳу суботи он барои Тоҷикистон масъалаи калидӣ ва ниҳоят муҳим аст”.
Изҳори бовар карда шуд, ки Ҳукумати ваҳдати миллии Афғонистон дар амри таҳкими суботи пойдору бардавом, аз ҷумла тавассути нигоҳ доштани тавозуни маъқул ва санҷидаи сиёсӣ ва миллию қавмӣ, комёб хоҳад буд.
Абдуррауфи Иброҳимӣ дар навбати худ ба нақши Тоҷикистон ва хусусан саҳми бевоситаи Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар пуштибонӣ аз манфиатҳои Афғонистон дар минтақа ва ҷаҳон ва ҳам ба дӯстию ҳамсоягии наку ва муҳтавои ҳамкории ду кишвари ҳамфарҳанг баҳои баланд дода, аз номи роҳбарият ва мардуми Афғонистон арзи сипосу қадрдонӣ намуд.
Аз ҳамкории миёни сохторҳои марбути ду давлат дар соҳаи амният ва мубориза бо гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир изҳори қаноат карда шуд. Дар ин замина ба анҷом расондани истирдоди мутақобилаи шаҳрвандони ду кишвар аз ҳабсхонаҳои ҳамдигар зарур дониста шуд.
Бо изҳори қаноат аз ҳамкории иқтисодӣ, аз ҷумла зикр гардид, ки тайи 8-10 соли охир ҳаҷми гардиши мол миёни ду кишвар 100 баробар афзудааст.
Гуфтугӯйи судманд доир ба татбиқи лоиҳаҳои минтақавии зербиноӣ барои сохтмони роҳҳои оҳану мошингард, кашидани хатҳои интиқоли нерӯи барқ ва тарҳҳои дигари муштарак сурат гирифт.
Изҳори бовар карда шуд, ки парлумонҳои Тоҷикистону Афғонистон метавонанд дар самтҳои гуногуни ҳамкорӣ, аз ҷумла ҳамгироии сиёсию амниятӣ, иқтисодию тиҷоратӣ, сармоягузорӣ ва ҳамчунин фарҳангӣ, адабӣ, илмӣ ва маънавии мардумони ду кишвари дӯсту ҳамсоя саҳми намоён дошта бошанд.




Ҷашни Меҳргон дар Душанбе чӣ гуна таҷлил гардид?
Дар Душанбе шаҳраки нави саноатӣ ва се корхонаи калон ба истифода дода шуд
Интиқодҳо аз сабқати Асҳоб Тамаев дар Душанбе. Дар Тоҷикистон пойгаи мошинҳо иҷозат аст?
“Як паёмак сабаб шуд”. Додситонии Хатлон бархе ҷузъиёти ба дарё андохтани 4 кӯдак аз сӯи модарашонро шарҳ дод
"Моҳӣ дар шаст” соҳиби Шоҳҷоизаи Синамоҷашнвораи байналмилалии “Тоҷи Сомон” шуд. Боз кӣ ва чӣ ҷоиза гирифт?
Боздошти як нафари дигар бо гумони қаллобӣ дар фурӯши хона дар Душанбе
“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи "Киштии Нӯҳ"-и Юнус Юсуфӣ | Қисми 3
Даргузашти Кароматуллоҳи Мирзо, Нависандаи халқии Тоҷикистон дар 83-солагӣ
Нон дар Тоҷикистон чанд сомонӣ аст?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 20 октябри соли 2025
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста