Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон шахсонеро, ки ба ҳайси раис, муовини раис ва аъзои Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод мешаванд, барои суҳбат ба ҳузур пазируфт.
Хотиррасон бояд намуд, ки тибқи моддаи 69 Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон ва банди 2 моддаи 11 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи интихоботи Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон” раис, муовини раис ва 13 нафар аъзои Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо пешниҳоди Президенти кишвар аз ҷониби Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ дар давоми 3 рӯзи пас аз эълон шудани интихобот интихоб карда мешавад.
Бино ба иттилои хадамоти матбуоти сарвари давлат, ба ҳайати Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Ҷумҳурии Тоҷикистон намояндагони ҳамаи ҳизбҳои сиёсии расман дар ҷумҳурӣ бақайдгирифташуда пешниҳод гардидаанд ва 4 нафари онҳо занон мебошанд.
Зимни суҳбат Эмомалӣ Раҳмон таъкид дошт, ки интихобот бояд бо риояи талаботи қонунгузории Тоҷикистон ва меъёрҳои эътирофшудаи байналмилалӣ ба таври шаффофу демократӣ ба роҳ монда шавад. Ҳамчунин таъкид гардид, ки татбиқи талаботи қонун ва меъёрҳои демократии интихоботӣ бояд барои ҳамаи номзадҳо бо шароити баробар ва яксон таъмин карда шавад.
Изҳори бовар карда шуд, ки интихоботи навбатии вакилон ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки рӯзи 1 марти соли 2015 баргузор мегардад, дар фазои орому осуда ва бо риояи меъёрҳои ҷаҳони мутамаддин ҷараён гирифта, ба таҳкими ваҳдати миллии Тоҷикистон ва рушди босуботу бонизоми ояндаи кишвар мусоидати фаъол менамояд.
Дар ҳамин ҳол, раиси Иттиҳоди журналистони Тоҷикистон Акбаралӣ Сатторов, ки ӯ низ ба ҳайати нави КМИР пешниҳод шудааст, ба «Азия-Плюс» дар ин робита иттилоъ дод, ки сарвари давлат таъкид доштааст, таърих гувоҳ аст, ки интихобот метавонад ба ихтилофҳо боис гардад. «Дар ин робита ӯ дастур дод, ки интихоботро мебояд тавре гузаронид, ки онҳо барои низоъҳо замина фароҳам наоваранд ва демокративу шаффоф доир гардидани онҳоро таъмин бояд кард», - иброз дошт раиси ИЖТ.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста