Нимаи ҳафтаи сипаришуда дар шаҳри Қӯрғонтеппа Конфренсияи вилоятии Ҳизби аграрии Тоҷикистон (ҲАТ) баргузор гардид.
Бино ба иттилои дафтари матбуоти ҲАТ, кори конфренсияро раиси ҲАТ дар вилояти Хатлон Меҳнатулло Сироҷев оғоз бахшида, оид ба фаъолияти Кумитаи иҷроияи ҳизбии вилоят ҳисобот дод. Масъалаҳои дар рӯзномаи конфренсияи мазкур дохилгардида бо иштироки 110 вакил аз шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон баррассӣ ва барои иштирок ба Анҷумани ҲАТ, ки 18 декабри соли ҷорӣ баргузор мегардад, 56 вакил интихоб гардиданд.
Дар кори конфренсия иҷрокунандаи вазифаи раиси ҲАТ, узви Маҷлиси миллӣ Рустам Латифзода ва Зайниддин Сафаров, вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ширкат намуда, бо аъзои ҳизб роҷеъ ба масъалаҳои дохилиҳизбӣ, тавсеаи фаъолияти раисон ва аъзои ҳизб ва интихоботи дарпешистодаи мақомоти намояндагии кишвар суҳбат намуданд.
Латифзода қайд намуд, ки имрӯз теъдоди аъзои ҲАТ ба 47 ҳазор нафар расидааст, ки ин натиҷаи кори хуби тарғиботии фаъолони ҳизбӣ дар маҳал мебошад. «Ин эътимоди бузурги мардум мебошад ва аграриён сазовор будани худро бояд ба боварӣ дар амал нишон диҳанд. Дар вилояти Хатлон, ки ин теъдод қариб 20 ҳазор нафарро ташкил медиҳад, ҲАТ бояд ба ҳама мушкилоту хурсандӣ ва масъалаҳои ҳалталаби мардум шарик бошад ва ҳаллӣ мушкилоти ҷойдоштаро дар назди мақомоти марбута масъалагузорӣ намоянд ва пеш аз ҳама худ дар ҳалли онҳо саҳмгузор бошанд», - гуфт ӯ.
Гуфта мешавад, ҲАТ имрӯзҳо фаъолияти тарғиботии худро маҳалҳо шиддат бахшида, мақсад дорад, дар мақомоти намояндагии вилоят ва шаҳру ноҳияҳо шумораи аъзои худро зиёд кунад. То имрӯз дар Парламенти кишвар ҲАТ 3 намоянда дошт: - 2 вакил дар палати поёнӣ ва 1 нафар узви палатаи болоӣ. Ин навбат ҲАТ мақсад дорад, теъдоди намояндагони худро дар Парламенти кишвар афзуда, фраксияи худро ташкил намояд.
Бояд гуфт, ки 29 ноябри соли ҷорӣ дар шаҳри Хуҷанди вилояти Суғд конфренсияи вилоятии Ҳизби аграрии Тоҷикистон баргузор гардида буд, ки дар он низ масъалаҳои омодагӣ ба интихобот ва интихоби вакилон ба анҷумани ҲАТ баррасӣ гардида ба Анҷумани ҳизб 35 вакил интихоб карда шуд.
Дар назар аст, ки Анҷумани VI ҲАТ рӯзи 18 декабри соли ҷорӣ дар шаҳри Душанбе бо иштироки 210 нафар вакилон аз ҳама шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ доир мегардад.



Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста