- Намояндаи Ҳизби сотсиал-демократии Тоҷикистон (ҲСДТ) ба ҳайати нави Комисссияи марказии интихобот ва раъйпурсӣ (КМИР)-и Тоҷикистон, ки президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон ба парлумон пешниҳод намуд, шомил нагардид», - изҳор намуд ба «Азия-Плюс» муовини раиси ҲСДТ Шокирҷон Ҳакимов.
Қаблан хадамоти матбуоти сарвари давлат иттилоъ дод, ки ба ҳайати КМИР намояндагони ҳамаи ҳизбҳои сиёсии расман дар ҷумҳурӣ бақайдгирифташуда пешниҳод гардидаанд ва 4 нафари онҳо занон мебошанд.
«Ман бар ин назарам, ки намояндаи ҳизби мо ба ҳайати нави КМИР Тоҷикистон ба иллати норасоии иродаи сиёсии раҳбарияти кишвар дохил нашуд», - гуфт муовини раиси ҲСДТ.
Ба гуфтаи Ҳакимов, қабл аз пешниҳоди ҳайати нави КМИР ба тасдиқи парлумон аз ҷониби президент, дастгоҳи сарвари давлат бояд андешаву назари тамоми аҳзоби сиёсӣ оид ба ин масъаларо омӯзад. «Аҳзоби сиёсӣ бояд худашон номзадҳо ба аъзои КМИР аз ҳизбҳоро ба президент пешниҳод намоянд, ки чунин сурат нагирифт ва дар интихоботи парлумонии соли 2010 низ ҳамин ҳолат мавҷуд буд», - иброз дошт ӯ.
Муовини раиси ҲСДТ муътақид аст, ки шомил нагардидани нмояндаи ҲСДТ ба ҳайати нави КМИР, «ин як ҳушдорест ба тамоми комиссияҳои интихоботии кишвар оид ба чӣ гуна рафтор намудан бо ҲСДТ дар маъракаи интихоботи парлумонӣ ва маҷлисҳои маҳаллии вакилони халқ, ки ба моҳи марти соли оянда таъин шудааст».
Дар ҳамин ҳол, рӯйхати пурраи аъзои ҳайати нави КМИР Тоҷикистонро, ки президенти ҷумҳурӣ барои тасдиқ ба палатаи поёнии парлумон пешниҳод намуд, «Азия-Плюс» ояндаи наздик интишор мекунад.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста