Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ғайриҳизбӣ Шермуҳаммади Шоҳиёнро ба муҳлати нав ба мансаби раиси Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсӣ (КМИР)-и Тоҷикистон пешниҳод кард.
Тавре ба «Азия-Плюс» як манбаъ аз ҳукумати ҷумҳурӣ иттилоъ дод, ба ҳайси муовини ӯ аз ҷониби президент номзадии узви Ҳизбизхалқии демократии Тоҷикистон Саидбой Зокиров пешниҳод гардидааст.
Ҳамчунин мувофиқи пешниҳоди президент, шахсони зерин ба аъзогии ҳайати нави КМИР пешниҳод шудаанд: аз Ҳизби аграрии Тоҷикистон – Зиё Раҳмон, аз Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон – Ҷамолиддин Маҳмуд, аз Ҳизби коммунисти Тоҷикистон – Вера Наимова, аз Ҳизби сотсиалистии Тоҷикистон – Олим Ёрматов, аз Ҳизби демократи Тоҷикистон - Юсуфбек Шодмонбеков, Аз ҲХДТ – Маҳмадёр Раҷабов ва Муҳистон Азизова ва аз Ҳизби ислоҳоти иқтисодии Тоҷикистон – Муҳаммадборон Зойиров.
Ба ҳайати нави КМИР аз ҷониби президент намояндаи Ҳизби сотсиал-демократии Тоҷикистон пешниҳод нагардид.
Ғайраз ин, ба ҳайати КМИР ҶТ шахсони ғайриҳизбии зерин низ пешниҳод шуданд: Нуралӣ Саидов – котиб-ҳамоҳангсози Шӯрои ҷамъиятии Тоҷикистон, Акбаралӣ Сатторов – раиси Иттиҳоди журанлистони Тоҷикистон, Ҷамшед Ҷамшедов – ҳуқуқшинос, Иззатулло Алиев – муовини раиси Иттифоқи ҷавонони Тоҷикистон ва Муҳаббат Файзова – раиси ҷамоати Оби Киики ноҳияи Хуросон.
Ҳамин тариқ, ҳайати нави КМИР дар муқоиса бо ҳайати кунуниаш усулан тафовут надорад. Танҳо ду нафари нав – Муҳаббат Файзова ва Маҳмадёр Раҷабов ба ҳайати он шомил гардиданд.
Қобили зикр аст, ки дар ҳайати пешинаи КМИР низ намояндаи Ҳизби сотсиал-демократии Тоҷикистон ҳузур надошт.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста