Санаи 9-уми декабр вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон Сироҷидин Аслов сафири Шоҳигарии Арабистони Саудӣ дар Тоҷикистон Бандар Ҷамил Маҳмудро ба ҳузур пазируфт.
Бино ба маълумоти департаменти иттилооти Вазорати корҳои хориҷии ҶТ, дар оғози вохӯрӣ сафир ба С.Аслов паёми Подшоҳи Шоҳигарии Арабистони Саудӣ Абдуллоҳ ибни Абдулазиз Оли Саудро ба унвони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон супорид.
Сипас дар рафти суҳбат масоили мубрами рушд ва тавсеаи ҳамкориҳои дуҷониба ва бисёрҷонибаи ду кишвар мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.
Гуфта мешавад, худи ҳамон рӯз вохӯрии Сироҷидин Аслов бо сафири Ҷумҳурии Маҷористон дар Тоҷикистон (бо қароргоҳ дар Остона) Имре Лослотски барпо гардид.
Дар рафти вохӯрӣ ҷонибҳо масъалаҳои мубрами ҳамкории Тоҷикистону Маҷористонро дар соҳаҳои иқтисод, тиҷорат, маориф ва дигар бахшҳои мавриди таваҷҷуҳи тарафайн муҳокима намуданд.
Зимни суҳбат ҳамчунин оид ба ҳамкории ду кишвар дар чаҳорчӯби созмонҳои байналмилалию минтақавӣ табодули назар сурат гирифт.



Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста