Нахуствазири Тоҷикистон Қоҳир Расулзода бо ҷараёни сохтмони қитъаи роҳи оҳани Ваҳдат – Ёвон, роҳи оҳани ояндаи Душанбе – Қӯрғонтеппа шинос шуд.
Тавре сармушовири хадамоти матбуоти президенти ҶТ Субҳиддин Муҳиддинов хабар дод, дар қитъаи сохтмони роҳ ба нахуствазир маълумот додаанд, ки дар зарфи 11 моҳи соли ҷорӣ дар сохтмони қитъаи роҳи оҳани Ваҳдат – Ёвон 56 млн. сомонӣ маблағҳо азхуд карда шудаанд.
Ба иттилои манбаъ, зикр гардидааст, ки танҳо моҳи ахир дар ин иншоот беш аз 1,4 километр қисмати болои роҳи оҳан васл гардида, тайи 11 моҳи соли равон бошад, дар 2,4 километри роҳ корҳои васлкунии қисмати болоии роҳ анҷом дода шудаанд.
«Дар ҷаласаи сайёри ситоди корӣ бо ҳузури Қоҳир Расулзода аз иҷрои корҳо дар иншоот натиҷагирӣ шуда, нахуствазир ба шахсони масъул ҷиҳати андешидани тадбирҳо барои суръатбахшӣ ба корҳои таъмиру сохтмон дар қитъаи мазкур дастуру супоришҳо дод», - қайд кард Муҳиддинов.



Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста