Имрӯз дар Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсӣ (КМИР)-и Тоҷикистон бо иштироки роҳбарони аҳзоби сиёсӣ ва аъзои КМИР мизи гирд ҷараён дорад, ки дар он масоили омодагӣ ва иштирок дар интихобот ба палатаи поёнии парлумон баррасӣ мешавад.
Зимни суханронӣ дар ин чорабинӣ ёвари президенти Тоҷикистон оид ба масоили ҳуқуқӣ, намояндаи ваколатдори президент дар ҳарду палатаи парлумони ҷумҳурӣ Ҷумъа Давлатов изҳор намуд, ки сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон зимни пешниҳоди ҳайати нави КМИР баргузории интихоботи озод, демократӣ ва шаффофро бахусус таъкид намуд.
«Президент ба КМИР Тоҷикистон супориш дод, ки барои ҳамаи номзадҳо ба вакилӣ дар парлумон шароити якхела фароҳам оварда шавад», - қайд кард Давлатов.
Роҳбари дастгоҳи КМИР Тоҷикистон Абдуманнон Додоев ба роҳбарони аҳзоби сиёсӣ талаботи қонунгузорӣ дар бораи ба КМИР пешниҳод намудани санадҳо оид ба сарчашмаҳои даромад ва нақшаи хароҷоти он дар интихоботро хотиррасон кард.
Дар мизи гирд ба раисон ҳизбҳои сиёсӣ масъалаҳои тартиби пешбарии номзадҳо ба вакилӣ, муаррифии барномаҳои пешазинтихоботӣ, тарзи роҳандозии таблиғот ва пешбарии нозирон шарҳу тавзеҳ дода шуданд.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста