Имрӯз дар Комиссияи марказии интихобот ва раъйдиҳӣ (КМИР)-и Тоҷикистон бо иштироки раисони аҳзоби сиёсии ҷумҳурӣ ва аъзои КМИР мизи гирд доир гардид, ки дар он масоили марбут ба интихоботи парлумонии ба санаи 1-уми марти соли оянда таъиншуда баррасӣ шуд.
Роҳбари Дафтари САҲА дар Тоҷикистон, сафир Маркус Мюллер зимни суханронӣ дар ин чорабинӣ қайд кард, ки САҲА дар баргузории интихобот дар Тоҷикистон, аз ҷумла мусоидат ба таҳияи торнамои нави КМИР дар шабакаи интернет кумак мекунад.
Иҷрокунандаи вазифаи раиси ҳизби аграрии Тоҷикистон Рустам Латифзода зикр кард, ки имрӯз ҲАТ барои иштироки фаъолона дар интихоботи парлумонӣ аз тамоми имконот бархӯрдор аст ва изҳори итминон кард, ки интихобот дар доираи қонунгузорӣ сурат гирифта, ба сулҳу субот ва шукуфоии кишвар мусоидат менамояд.
Раиси Ҳизби демократи Тоҷикистон Саидҷаъфар Исмонов низ ба интихобот изҳори омодагӣ намуда, қайд кард, ки аксари шиору лавҳаҳои пешазинтихоботии аҳзоби сиёсӣ баъд аз ҷойгиркунии онҳо дар кӯчаҳои шаҳру навоҳӣ «аз дасти бадхоҳон» ба карикатура (расмҳои мазҳакаву танз) табдил меёбанд ва дар робита ба ин, ӯ пешниҳод намуд, ки шиору лавҳахои аҳзоби сиёсӣ дар масҷидҳо ҳам ҷо дода шаванд, вале намояндагони Ҳизби коммунист қотеъона мухолифи ин пешниҳод изҳори назар карданд.
Намояндаи Ҳизби халқии демократии Тоҷикистон Абдулло Нуров аз тамоми аҳзоби сиёсии ҷумҳурӣ даъват ба амал овард, ки дар интихобот нигаҳдории сулҳу субот дар кишвар ва ташкили рақобати солимро чун вазифаи аввалиндараҷа шуморанд.
Муовини раиси ҲСДТ Шокирҷон Ҳакимов ва муовини раиси ҲНИТ Маҳмадалии Ҳайит изҳор намуданд, ки ҳукуматдорони кишвар асосан тавсияҳои начандон назарраси ниҳодҳои байнулмилалӣ оид ба интихоботро иҷро мекунанд. Онҳо қайд карданд, ки тавсияҳои асосии онҳо, аз қабили фароҳам оврадани шароитҳои якхела барои аҳзоби сиёсӣ ва роҳ додани намояндагони аҳзоб ба аъзогӣ дар ҳайати комиссияҳои интихоботии қитъавӣ нодида гирифта мешаванд.
Раиси Ҳизби коммунисти Тоҷикистон Шодӣ Шабдолов зикр кард, ки интихобот барои куллан тағйир додани зиндагии мардум ба самти беҳбудӣ гузаронида мешаванд, ки аз ҷумла инро парлумони бисёрҳизбӣ таъмин карда метавонад.
Раиси Ҳизби сотсиалистии Тоҷикистон Абдуҳалим Ғаффоров таъкид намуд, ки андозҳои беҳад зиёди интихоботӣ ба аҳзоби сиёсӣ ҷиҳати иштироки комилҳуқуқ дар интихобот имкон намедиҳанд.
Намояндаи Ҳизби ислоҳоти иқтисодии ҷумҳурӣ Рустам Назаров асосан дар бораи барномаи пешазинтихоботии ҳизбаш ва омодагии он ба интихобот ибрози назар кард.




Музди меҳнати миёна дар Тоҷикистон тайи соли ахир ба андозаи 17,3% афзуд
Маҳкумшудагони ҳамла ба толори “Крокус” аз рӯйи ҳукми додгоҳ шикоят кардаанд
РАСМАН: Иди Рамазон дар кишвар 20-уми март таҷлил мешавад
Раёсати беҳдошти замин ва обёрии Суғд 900 кормандашро ба рухсатии бемузди муваққатӣ фиристодааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 48
Навбат барои гӯшту тухм. Нархи маҳсулоти хӯрокворӣ дар намоиш-фурӯш чанд ва сифати он чӣ гуна аст?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 17 марти соли 2026
Сафири Эрон: “Амрикову Исроил мехостанд давоми 48 соат Ҷумҳурии Исломиро сарнагун кунанд, аммо Эрон ин нақшаро вайрон кард”
“Фаластини озод” ва “Таблиғи ҷанг дар мактабҳои Русия”. Кадом филмҳо ҷоизаи "Оскар-2026" гирифтанд ва чӣ паём доштанд?
Талоши Трамп барои “бозкушоии тангаи Ҳурмуз” ва идомаи ҳамлаи тарафҳо. Ду рӯзи гузашта дар Ховари Миёна чӣ гузашт?
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста