- Таҳлили вазъи пешазинтихоботӣ нишон медиҳад, ки ба ҷуз президент ва КМИР, дар ҷумҳурӣ нерӯҳое мавҷуданд, ки ба баргузор намудани интихоботи мунсифона ва боадолат манфиатдор нестанд, - гуфт дар суҳбат бо хабарнигори «Азия-Плюс» муовини раиси Ҳизби сотсиал-демократии тоҷикистон (ҲСДТ) Шокирҷон Ҳакимов.

Ӯ таъкид дошт, ки амали ин нерӯҳо мухолифи изҳороти президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон аст, ки ба баргузории интихоботи демократӣ дар ҷумҳурӣ кафолат дод. «Ин шахсони мансабдор дарк мекунанд, ки натиҷаҳои интихобот ба тағйирёбии сифатан нави ҳайати парлумон ва тақвияти нақши он дар низоми ҳокимияти давлатӣ боис мегардад ва муҳимтар аз ҳама, имконоти чунин мансабдорон дар муносибатҳои коррупсионӣ бо истифода аз мансаб маҳдуд мегардад», - чунин мешуморад Ш.Ҳакимов.

«Ба исботи гуфтаҳои боло метавон ҳодисаи рухдода (11-уми декабр) бо манро мисол овард. Соати 8-20-и субҳ ман таксиро нигоҳ доштам, то ки ба кори мизи гирд, ки соати 09-00 дар Маркази тадқиқоти стратегӣ оғоз мешуд, ҳозир шавам. Чун такси ба роҳ даромад, онро ду кормнади БДА нигоҳ доштанд, ки назди онҳо боз се нафар шаҳрвандони ба назар синни 25-30-сола низ бо сарулибоси мулкӣ низ истода буданд. Ман фикр кардам, ки БДА оид ба санҷиши кори таксиҳо кадом як рейде мегузаронад, аммо шахсони сарулибоси мулкӣ назди дари нишастгоҳи ман омада, дағалона дархост карданд, ки аз автомашина берун оям ва ба автомашинаи паҳлӯ биншинам. Ман аз онҳо ҳуҷҷатҳояшонро дархост намудам. Яке аз онҳо ба ман шаҳодатномаеро нишон дода, зуд онро пинҳон кард, ки ман ба шиносоии дуруст бо он фурсат наёфтам. Вақте аз онҳо пурсидам, ки кистанду чӣ мехоҳанд, посухи саҳеҳ надода, дар бораи Акадамеияи ВКД ва факултаи ҳуқуқшиносӣ ҳарф заданд. Онҳо исрор варзиданд, ки муддати се соати наздикро ман бояд бо онҳо дар кадом як шуъбае гузаронам. Ман бо садои баланд норозигӣ изҳор намудам, издиҳоми мардум ҷамъ омад. Кормандони БДА низ омада, ба онҳо чизе гуфтанд, ки гуфтугӯ дигаргуна сурат гирифт. Ман ба онҳо гуфтам, ки ин корро чунин намегузорам ва онҳоро ҷанҷоли калон интизор аст. Сипас онҳо розӣ шуданд, ки маро то Маркази тадқиқоти стратегӣ расонанд ва дар роҳ ба ман саволҳо дода, дар блокноти худ чизеро қайд мекарданд. Ман эҳсос кардам, ки онҳоро махсус вазифадор кардаанд, то ки ба иштироки ман дар кори мизи гирд монеъа эҷод созанд. Қаблан ман тариқи телефон гуфта будам, ки аз мушкилоти марбут ба вазъи пешазинтихоботӣ дар баъзе ҳавзаҳо ва таъқиби раҳбарияти ҳизби мо аз ҷониби чанде аз сохторҳои қудратӣ ва методҳо, аниқтараш террори равонии алайҳи ман истифодамешуда шадидан интиқод мекунам. Ман мутмаинам, ки телефони маро гӯш мекунанд ва ман таҳти мушоҳидаи доимӣ қарор дорам. Чанд рӯз қабл бо муаарифии худ ба сифат корманди корхонаи «Обу корези Душанбе» дар даромадгоҳи манзили ман чанд нафаре аз квартираи иқоматдоштаи ман пурсон шудаанд», - изҳор намуд муовини раиси ҲСДТ.

Шокирҷон Ҳакимов муътақид аст, ки касонеро махсус вазифадор кардаанд, ки бо боздошти сесоата, яъне вақти баргузории мизи гирд, ба иштироки ӯ дар кори ин чорабинӣ роҳ надиҳанд.