Анҷумани санаи 16-уми декабр пешбинишудаи Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон дар дафтари кории ҳизб дар пойтахт доир мегардад.
Муовини раиси ҲНИТ, роҳбари ситоди пешазинтихоботии ҳизб Маҳмадалии Ҳайит ба «Азия-Плюс» дар ин робита иттилоъ дод, ки то ҳанӯз мақомоти шаҳрдории Душанбе ба дархости хаттии раиси ҲНИТ, вакили палатаи поёнии парлумони ҷумҳурӣ Муҳиддин Кабирӣ ҷиҳати мусоидат ба ҷудо кардани толор барои баргузории анҷумани пешазинтихоботии ҳизб посух надодааст.
«Мутобиқи моддаи 15-и қонуни Тоҷикистон «Дар бораи ҳизбҳои сиёсӣ», мо барои ҷудо кардани толори муносиб барои баргузор намудани анҷумани пешазинтихоботӣ, ки дар кори он беш аз 500 нафар вакилони аллакай интихобшуда ва ҳудуди 200 нафар меҳмонон ва намояндагони ВАО иштирок мекунанд, мусоидат дархост намудем», - гуфт номбурда.
Зимнан зикр гардид, ки дар анҷуман рӯйхати ҳизбии ҲНИТ иборат аз 20 нафар номзадҳо ба вакилӣ дар палатаи поёнии парлумон эълон хоҳад шуд.



Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста