Барои баргузории интихобот ба палатаи поёнии парлумони ҷумҳурӣ ва маҷлисҳои маҳаллии вакилони халқ, ки ба санаи 1-уми марти соли оянда таъин шудаанд, аз буҷети давлатӣ 10 млн. сомонӣ (1,9 млн. доллари ИМА) маблағ ҷудо карда мешавад.
Роҳбари дастгоҳи КМР Тоҷикистон Абдуманнон Додозода ба «Азия-Плюс» дар ин робита иттилоъ дод, ки воситаҳои буҷет асосан барои тайёр кардани варақаҳои овзодиҳӣ, маводи таблиғотӣ ва бо таҷҳизоту лавозимоти зарурӣ таъмин кардани комиссияҳои интихоботии қитъавӣ масраф мегардад.
«Ғайр аз ин, номзадҳои расман сабтшуда ба вакилӣ аз ҳамаи ҳизбҳои сиёсӣ барои баргузории маъракаи интихоботииашон аз ин воситаҳо маблағи муайяне мегиранд», - иброз дошт Додозода, вале дар бораи ҳаҷми маблағи пешбинишуда барои аҳзоби сиёсӣ ва ҳар кадоме аз номзадҳо мушахаасан маълумот надод.
Намояндаи КМИР зикр кард, ки ин масъала дар ҷаласаи наздиктарини КМИР Тоҷикистон ҳал мешавад.
Дар ҳамин ҳол, зимни кори мизи гирди рӯзи панҷшанбеи ҳамин ҳафта доиргардида роҳбари дастгоҳи КМИР изҳор намуд, ки тамоми номзадҳо ба вакилӣ ва аҳзоби сиёсии Тоҷикистон, ки дар интихоботи парлумонии қарибулвуқӯъ иштирок карданианд, бояд дар БДА «Амонатбонк» ё филиалҳои он суратҳисобҳои муваққатӣ ва махсус боз намоянд.
Ҳаҷми умумии хароҷот аз ҷониби номзадҳо ба вакилӣ аз ҳавзаҳои интихоботии якмандатӣ набояд аз 60 ҳазор сомонӣ зиёдтар бошад. Хароҷоти аҳзоби сиёсӣ барои як номзад аз ҳавзаи ягонаи умумиҷумҳуриявӣ то 20 ҳазор сомонӣ ва хароҷоти аҳзоби сиёсӣ дар интихобот то 120 ҳазор сомонӣ муқаррар шудааст.
Маблағи хайрияи шахсони воқеӣ барои як номзад ба вакилӣ – 2 ҳазор сомонӣ ва барои аҳзоби сиёсӣ – то 4 ҳазор сомонӣ муайян шудааст. Ҳаҷми маблағи хайрияи шахсони ҳуқуқӣ мутаносибан 4 ҳазор ва то 20 ҳазор сомониро ташкил медиҳад.
Хароҷоти молӣ дар интихобот аз ҷониби кишварҳову шаҳрвандони хориҷӣ, шаҳрвандони Тоҷикистони синни то 18-сола, шахсони ҳуқуқии бо саҳмияҳои хориҷӣ сарукордошта, созмонҳои байнулмилалӣ, мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, корхонаву ташкилотҳои давлатӣ, ташкилотҳое, ки дар онҳо ҳиссаи ҳукумат беш аз 30%-ро ташкил медиҳад, сохторҳои низомиву мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, ташкилотҳои динӣ ва шахсони номаълум манъ карда шудааст.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста