- Тамоми аҳзоби сиёсии ҷумҳурӣ аз нияти ҳукуматдорон бобати ҷудо кардани маблағ аз буҷети давлатӣ барои баргузории маъракаи интихоботӣ ба онҳо истиқбол мекунанд, - гуфт дар мусоҳиба ба «Азия-Плюс» раиси Ҳизби коммунисти Тоҷикистон, вакили палатаи поёнии парлумон Шодӣ Шабдолов.
Ба гуфтаи вай, ҳукумати Тоҷикистон бори нахуст сари чунин қарор омадааст. «Мо, коммунистон чандин сол инро мегуфтем, вале садои моро намешуниданд, - мегӯяд Шабдолов. – Аз начандон зиёд ҷудо шудани маблағ аз ҳисоби буҷети давлатӣ барои ин мо гиламанд нестем, вале худи ин далел аз ниятҳои неки ҳукумати ҷумҳурӣ гувоҳӣ медиҳад».
Раиси ҲКТ таъкид намуд, ки тибқи маълумоти дастрас ба ӯ, барои маъракаи интихоботии ба санаи 1-уми март таъиншуда ба ҳар кадоме аз аҳзоби сиёсӣ аз буҷети давлатӣ 10 ҳазор сомонӣ маблағ ҷудо мегардад.
Ёдрас мекунем, ки раиси дастгоҳи КМИР Тоҷикистон Абдуманнон Додозода имрӯз дар ин робита изҳор кард , ки барои баргузории интихобот ба палатаи поёнии парлумони ҷумҳурӣ ва маҷлисҳои маҳаллии вакилони халқ, ки ба санаи 1-уми марти соли оянда таъин шудаанд, аз буҷети давлатӣ 10 млн. сомонӣ (1,9 млн. доллари ИМА) маблағ ҷудо карда мешавад.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста