Раиси Ҳизби коммунисти Тоҷикистон Шодӣ Шабдолов ва котиби Кумитаи марказии ҳизб Исмоил Талбаков имрӯз дар конфронси пешазинтихоботии бахши ҲКТ дар минтақаи Кӯлоби вилояти Хатлон ширкат варзиданд, ки дар он масъалаи иштироки ҳизб дар интихоботи парлумонии ба санаи 1-уми март таъиншуда баррасӣ шуд.
Исмоил Талбаков ба «Азия-Плюс» дар ин робита иттилоъ дод, ки коммунистони Кӯлоб сурат гирифтани амалҳои ҷудоиандозӣ дар сафҳои ҳизбро дар остонаи интихобот қотеъона маҳкум карданд.
Ба гуфтаи ӯ, онҳо аз раҳбарияти ҲКТ талаб намуданд, ки «амалҳои тафриқаандозии бархе аз коммунистон, бахусус дар минтақаи шимоли ҷумҳурӣ мавриди баррасии ҷиддии сохторҳои дахлдори ҳизб қарор дода шавад».
Талбаков қайд кард, ки 13 тан аз коммунистони минтақаи Кӯлоб вакилони анҷумани 31-уми пешазинтихоботии ҲКТ, ки санаи 27-уми декабр дар Душанбе доир мегардад. интихоб шуданд.
Зимнан зикр гардид, ки Шодӣ Шабдолов ба иштирокчиёни пленум дар бораи вазъи ҳаракати ҷаҳонии коммунистӣ маълумот дод.
Ёдрас мекунем, ки қаблан Исмоил Талбаков дар мусоҳиба ба хабарнигори «Азия-Плюс» изҳор дошта буд, ки мансаби котиби аввали бахши ҲКТ дар вилояти Суғд аз ҷониби нафаре бо номи Абдуҷаббор Аҳмедов худсарона ишғол шудааст , ки тайи панҷ-шаш соли ахир ба Ҳизби коммунисти Тоҷикистон (ҲКТ) ҳеҷ муносибате надорад.



Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста