Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба унвони президенти Қазоқистон Нурсултон Назарбоев ба муносибати солгарди ҷашни миллии Қазоқистон - Рӯзи истиқлолият барқияи табрикотӣ ирсол намуд.
Бино ба иттилои хадамоти матбуоти сарвари давлат, дар барқияи сарвари давлати Тоҷикистон таъкид мегардад, ки барои Тоҷикистон муносибатҳо бо Қазоқистон ҳамчун як ҷузъи асосии афзалиятноки сиёсати берунӣ ҳамеша боқӣ мемонанд.
«Мо барои рушди рӯзафзуни он ҳавасмандем ва омодаем барои дар амал татбиқ намудани иқтидори бузург ҷиҳати ҳамкориҳои мутақобилае, ки кишварҳоямон соҳибанд, тамоми корҳои заруриро анҷом диҳем», - омадааст дар барқия.
Дар барқия Эмомалӣ Раҳмон изҳори умед кардааст, ки тавассути кӯшишҳои муштарак Тоҷикистону Қазоқистон метавонанд он бойигарии бебаҳоеро, ки аз гузаштагон ба мерос гирифтаанд, боз ҳам ғанитар гардонанд.



Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста