Имрӯз зимни суханронӣ дар анҷумани пешазинтихоботии ҲНИТ раиси ҳизб Муҳиддин Кабирӣ изҳор намуд, ки ахиран муносибат ба ҲНИТ хеле тағйир ёфта, вале ҳизб то ҳанӯз аз фишорҳо шикаст нахӯрдааст, ки пирӯзии аввалини ҳизб аст.

Ба гуфтаи ӯ, муносибат ба ҳизб аз ҷониби ҳукуматдорон баъди интихоботи парлумонии соли 2010 тағйир ёфт. «Аммо мо имрӯз на барои арзу шикоят, балки баҳри таҳлил гирдиҳам омадаем ва бояд бидонем, ки ҲНИТ ҳизбе нест, ки аз фишорҳо шикаст хӯрад, - таъкид дошт Кабирӣ. – Мо медонем, ки ҳар як мушкилот ба ғалаба рабт мегирад. Аз он ки мо шикаст нахӯрдем, ин ғалабаи аввалини мост ва ман Шуморо бо ин табрик мегӯям. Минбаъд ҳам ҳамин тавр хоҳад шуд. Сабру таҳаммул барои мо зарур буда, ба мо кумак мекунад. Онҳое, ки хатарнок будани ҲНИТ-ро собит карданианд, ба ҳадаф намерасанд. Сабру таҳаммули мо ҳудуд надорад».

Кабирӣ гуфт, аз ҳамаи ҷонибдорони ҲНИТ даъват мекунад, ки «овозҳои худро барои чорабинии ҷиддӣ ҳифз намоянд» ва ишора намуд, ки «ин кори оон нахоҳад буд». «Чанде аз вакилони анҷуманро дар роҳ ба пойтахт боздоштанд», - ёдовар шуд раиси ҲНИТ.

Ӯ ҳамчунин қайд кард, ки ҳамаи он касоне, ки ба фаъолияти ҲНИТ монеъа эҷод месозанд, «муқобили президент ва мардум амал мекунанд». «Шумо шоҳидед, ки дар дигар кишварҳо чӣ рӯйдодҳое мегузарад. ДИИШ ва Толибон баҳонае беш нестанд. Агар миёни мардум ваҳдат ҳукмфармо бошад, касе ба мо ғолиб омада наметавонад, вале агар мо мухолифи ҳамдигар бошему ваҳдат вуҷуд надошта бошад, сар ба сар гузоштани мо барои кишварҳое сеюм осонтар мешавад ва мо набояд ба зиёд шудани нофаҳмӣ миёни худ роҳ надиҳем. Мо душман нестем. Касоне, ки аз пушти мо фаъолият доранд, дер ё зуд назди мардум ҷавоб хоҳанд гуфт. Ҳеҷ яке аз амали ғайриқонунӣ бе муҷозот нахоҳад монд. Бигзор мардуми босабру таҳаммули моро ҳурмат кунанд. Ҳеҷ миллатеро дар ҷаҳон пайдо нахоҳед кард, ки бо вуҷуди надоштани шаш моҳ барқ ва поинтарин маошу нафақа чунин сабру таҳаммул дошта бошад. Мо ба ҳамааш таҳаммулро пеша кардаем ва ин ҳам дар ҳолест, ки мардум озодиву гармӣ ва барқро талаб дорад. Дар мо бошад, чунин аст: ба мо чизе надеҳ, вале талаб ҳам накун. Муҳимаш чунин кардан лозим нест, ки президент дар вазъи мушкил қарор гирад», - иброз дошт Кабирӣ.

Раиси ҲНИТ аз шаҳрвандони дар муҳоҷират қарордоштаи ҷумҳурӣ даъват кард, ки интихоботи қарибулвуқӯъ ба парлумонро таҳрим накунанд ва ба раъйдиҳӣ ҳозир шаванду маҳз ба ҷонибдории ҲНИТ овоз диҳанд. «Бархе ба шумо мегӯянд, ки иштирок накунед, вале шумо бояд иштирок кунед. Қаблан мо мегуфтем, ки ба ҳизби писандидаатон раъй диҳед, вале имсол  ба шумо мегӯем, ки ба ҷонибдории ҲНИТ овоз диҳед», - муроҷиат кард Кабирӣ ба муҳоҷирон.

Ба қавли Кабирӣ, тайи панҷ соли ахир ҲНИТ бо муҳоҷирон беш аз 100 мулоқоту вохӯриҳо доир намуд. «Бале, на ҳамаи онҳо ҷонибдори мо мебошанд, вале аксарият моро тарафдорӣ мекунанд. Муҳоҷирони муҳтарам, талош варзед, ки то интихобот ба Тоҷикистон оед. Мо барои Тоҷикистон, Тоҷикистон барои ҳама!», - хитоб кард Кабирӣ.