Раҳбарияти Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон амали террористиеро, ки санаи 16-уми декабр дар яке аз мактабҳои шаҳри Пешовари Покистон аз ҷониби ҷангиёни ҳаракати Толибон сурат гирифта, ба ҳалокати беш аз 150 нафар омӯзгорону толибилмон ва ҷароҳат бардоштани даҳҳо нафари дигар боис гардид, шадидан маҳкум намуд.
Дар баёнияи интишоршудаи ҲНИТ дар ин робита зикр мегардад, ки ҲНИТ ин амали террористиро ваҳшиёна ва ғайриинсонӣ медонад. «Анҷоми ин гуна ҳамалот, ки мунҷар ба қатлу куштори мардуми бегуноҳ ва махсусан занону кӯдакон мегардад, ягон иртибот ба дини мубини Ислом надорад», - изҳор мегардад дар баёния.
Гуфта мешавад, гурӯҳ ва доираҳое, ки бо роҳи суистифода аз таълимоти динӣ дар ҷаҳони муосир даъват ба хушунат ва зӯроварӣ намуда, мехоҳанд ба хостаҳои худ бирасанд, бояд донанд, ки ин гуна услуб ва шеваҳо дур аз меъёрҳои исломӣ ва инсонӣ ҳастанд, ки чеҳраи Исломи поку таҳаммулпазир ва мусолиматомезро дар назари мардуми дунё хатчадор менамояд.
«Роҳбарияти Ҳизби Наҳзати Исломии Тоҷикистон бо маҳкум кардани ин амали ваҳшиёна ба наздикону пайвадони шуҳадо, ба мардуми шарифи Покистон ва ҳукумати ин кишвар ҳамдардӣ ва ҳамдилии худро изҳор медорад», - омадааст дар фарҷоми баёния.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста