Субҳи имрӯз намояндагони Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсӣ (КМИР)-и Тоҷикистон ҷиҳати иштирок дар маъракаи интихобот ба палатаи поёнии парлумони Ӯзбекистон, ки санаи 21-уми декабр доир мегардад, ба шахри Тошканд раҳсипор шуданд.
Роҳбари дастгоҳи КМИР Тоҷикистон Абдуманнон Додозода ба «Азия-Плюс» дар ин робита иттилоъ дод, ки дар ҳайати гурӯҳи нозирони Кумитаи иҷроияи ИДМ намояндагони Тоҷикистон – узви КМИР Юсуфбек Шодмонбеков ва сармутахассиси КМИР Мирзо Ашӯров дар мониторинги ин маъракаи интихоботии кишвари ҳамсоя ширкат хоҳанд варзид.
Қобили зикр аст, ки аз соли 2005 дар Ӯзбекистон парлумони дупалатагӣ амал мекунад. Дар Палатаи Қонунгузорӣ (поёнӣ)-и парлумон ба муҳлати 5 сол доимо 150 нафар вакилон фаъолият мекунанд, ки моҳи декабри соли 2009 аз ҷониби 4 ҳизби сиёсӣ ва Ҳаракати экологии Ӯзбекистн интихоб шудаанд. Дар палатаи болоӣ – Сенат 100 нафар вакилон фаъолият мекунанд, ки бо шумори баробар – 6-нафарӣ аз Ҷумҳурии Қароқалпоқистон, вилоятҳо ва шаҳри Тошканд интихоб шудаанд. Ғайр аз ин, 16 нафар аъзои Сенатро президенти кишвар аз ҳисоби шахсони бонуфузи кишвар таъин мекунад.



Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста