Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷидин Аслов сафири Британияи Кабир дар Тоҷикистон Робин Орд-Смитро бинобар ба итмом расидани муҳлати хизмати дипломатиаш дар ҷумҳурӣ ба ҳузур пазируфт.
Бино ба иттилои Вазорати корҳои хориҷии ҶТ, дар оғози суҳбат вазири корҳои хориҷӣ барои саҳми арзандаи сафир баҳри густариши робитаҳои дуҷонибаи Тоҷикистону Британияи Кабир изҳори миннатдорӣ намуда, қайд кард, ки дар давоми фаъолияти ӯ дар Тоҷикистон ҷонибҳо ба муваффақиятҳо дар соҳаҳои мухталифи ҳамкориҳои дуҷониба комёб шуданд.
Дар навбати худ, сафир Орд-Смит барои мусоидат ва дастгирӣ дар давоми фаъолияти дипломатиаш дар Тоҷикистон ба Вазири корҳои хориҷӣ изҳори миннатдорӣ намуд.
Дар анҷоми мулоқот вазири корҳои хориҷӣ ба сафири Британия муваффақияти комилро дар фаъолияти минбаъдаи касбӣ таманно намуд.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста