Анҷумани пешазинтихоботии Ҳизби сосиал-демократии Тоҷикистон (ҲСДТ), ки пагоҳ, 20-уми декабр таъин шуда буд, боз ба санаи 27-уми декабр мавқуф гузошта шуд.
Раиси ҲСДТ Раҳматилло Зойиров ба «Азия-Плюс» дар ин робита иттилоъ дод, ки сабаби ба санаи дигар гузаронидани анҷуман дар он аст, ки ҳеҷ кадоме аз ташкилоту корхона ва муассисаҳо ба иҷораи бино ё толор барои баргузории он розӣ намешаванд.
«Ба тамоми корхонаву муассиса ва ташкилотҳое, ки мо бо хоҳиши ба иҷора додани толор муроҷиат намудем, дархости моро рад карданд», - иброз дошт ӯ.
Ба қавли Зойиров, агар то ҳафтаи оянда ҲСДТ толореро ба иҷора гирифта натавонад, анҷуман дар дафтари кории ҳизб баргузор мешавад.
«ҲСДТ аз ҳавзаи ягонаи умумиҷумҳуриявӣ 20 номзад ва аз ҳавзаҳои интихоботии якмандатӣ 10 номзад ба вакилӣ дар палатаи поёнии парлумон пешбарӣ карданист», - қайд кард Зойиров.
Ёдрас мекунем, ки Федератсияи мустақили Иттифоқҳои касабаи Тоҷикистон пешниҳоди толор барои баргузории анҷумани пешазинтихоботии ҲСДТ-ро рад кард. Сотсиал-демократҳо қаблан санаи баргузории анҷуманро аз 17 ба 20-уми декабр иваз карда буданд.



Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста