Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон нимаи дуюми имрӯз ҷиҳати иштирок дар кори ҷаласаи Шӯрои амнияти дастаҷамъии Созмони Аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ (СААД) ба Маскав раҳсипор мешавад.

Тавре ба «Азия-Плюс» як манбаъ аз ҳукумати ҷумҳурӣ хабар дод, ҷаласаи Шӯро рӯзи 23-юми декабр таҳти раёсати Эмомалӣ Раҳмон доир мегардад, зеро раёсат дар Шӯрои мазкур аз Русия ба Тоҷикистон мегузарад.

Зимнан зикр гардид, ки дар ҷаласаи Шӯро сарони кишварҳои узви Созмон атрофи вазъи кунунӣ дар минтақаи таҳти масъулияти СААД қарордошта табодули назар намуда, аз маърӯзаи Эмомалӣ Раҳмон роҷеъ ба самтҳои афзалиятноки фаъолият дар давраи раёсати Тоҷикистон дар СААД дар соли оянда интизорӣ меравад.

Ба иттилои манбаъ, дар ҷаласа дабири кулли СААД Николай Бордюжа оид ба ҷараёни иҷрои қарори Шӯрои амнияти дастаҷамъии СААД «Дар бораи кумак ба Тоҷикистон дар таҳкими марзҳои давлатӣ бо Афғонистон» аз 23-юми сентябри соли 2013 маълумот дода, дар ин ҷаласа дар маҷмӯъ баррасии 20 масъала, аз ҷумла вазъи низоми вокуниш ба буҳронҳо дар партваи таҳдидҳои ҷаҳони муосир дар назар буда, ҳамчунин имзои Изҳороти Шӯрои СААД, аснод оид ба такмили ҳамоҳангсозии фаъолият дар сиёсати хориҷӣ дар доираи СААД, рушди ҳамкориҳои низомӣ ва низомиву иқтисодӣ, мубориза бо терроризм, амнияти иттилоотӣ ва омодасозии кадрҳо ба нақша гирифта шудааст.

Қобили зикр аст, ки ба ҳайати СААД давлатҳои Арманистон, Белорус, Қазоқистон, Қирғизистон, Русия ва Тоҷикистон шомиланд.