Дар пленуми Кумитаи шаҳрии Ҳизби коммунисти Тоҷикистон (ҲКТ) дар пойтахт 9 нафар вакилон ба анҷумани пешазинтихоботии ҲКТ интихоб шуданд. Анҷумани пешазинтихоботии ҲКТ санаи 27-уми декабр доир мегардад.
Котиби Кумитаи марказии ҲКТ, вакили палатаи поёнии парлумони ҷумҳурӣ Исмоил Талбаков ба «Азия-Плюс» дар ин робита иттилоъ дод, ки коммунистони пойтахт ҷиҳати омӯзишу баррасии барномаи пешазинтихоботии ҲКТ гурӯҳи корӣ таъсис дода, ҳамчунин ба Кумитаи марказии ҳизб шомил кардани 7 номзад аз бахши ҳизб дар шаҳри Душанбе ба рӯйхати ҳизбро пешниҳод намудаанд.
Исмоил Талбаков иброз дошт, ки ғайр аз ин, коммунистони пойтахт аз даъватҳои аъзои ҳизб дар вилояти Хатлону ВКМБ оид ба муттаҳидӣ дар сафҳои ҳизб ҷонибдорӣ кардаанд.
«Пленум ба раҳабрияти ҲКТ оид ба дастгирии сиёсати ҳукумат дар бахши ислоҳоти иқтисодӣ, фаъолият дар Созмони ҳамкории Шанхай дастуру тавсияҳо дода, ҳамчунин пешниҳод намуд, ки масоили марбут баворид шудани Тоҷикистон ба ҳайати Иттиҳоди иқтисодии АвруОсиё мавриди омӯзиш қарор дода шавад», - гуфт ӯ.
Зимнан зикр гардид, ки то имрӯз ба анҷумани пешазинтихоботии ҲКТ аз тамоми мантиқи кишвар 98 нафар вакилон интихоб шудаанд.



Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста