Рӯзи 22-юми декабр дар шаҳри Маскав ҷаласаи муштараки Шӯрои вазирони корҳои хориҷӣ, Шӯрои вазирони мудофиа ва Кумитаи котибони шӯроҳои амнияти кишварҳои узви Созмони Аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ (СААД) баргузор шуд.
Бино ба иттилои котиби матбуотии СААД Владимир Зайнетдинов, дар ҷаласа доира ба вазъ дар минтақаи таҳти масъулияти СААД қарордошта дабири кулли Созмон Николай Бордюжа маълумот дод. Ҳамчунин лоиҳаи изҳороти сарони кишварҳои узви СААД ва як қатор санадҳои омодашуда ба баррасии иҷлосияи Шӯрои СААД баррасӣ шуданд.
Зикр мегардад, ки дар ин ҷаласа ҳамчунин атрофи вазъи низоми вокуниш ба буҳронҳо дар партваи таҳдидҳои ҷаҳони муосир, масоили такмили ҳамоҳангсозии фаъолият дар сиёсати хориҷӣ дар доираи СААД, рушди ҳамкориҳои низомӣ ва низомиву иқтисодӣ, мубориза бо терроризм, амнияти иттилоотӣ ва омодасозии кадрҳо табодули назар сурат гирифт.
Дабири кулли СААД гузориши солона дар бораи фаъолияти созмонро пешкаш кард. Ҷониби Тоҷикистон, ки раёсат дар созмонро ба зимма гирифт, афзалиятҳои худ дар самти фаъолияти СААД дар соли 2015-ро ба баррасӣ пешниҳод намуд.
Дар ин ҷаласаи муштарак Тоҷикистонро вазири корҳои хориҷӣ Сироҷиддин Аслов, вазири мудофиа Шералӣ Мирзо ва котиби Шӯрои амнияти ҷумҳурӣ Абдураҳим Қаҳҳоров намояндагӣ карданд.
Қобили зикр аст, ки ба ҳайати СААД давлатҳои Арманистон, Белорус, Қазоқистон, Қирғизистон, Русия ва Тоҷикистон шомиланд.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста