Дар ҷаласаи васеи Кумитаи иҷроияи Ҳизби халқии демократии Тоҷикистон дар вилояти Хатлон, ки имрӯз бо иштироки муовини раиси ҳизб Асрор Латифзода доир гардид, ситоди вилоятии пешазинтихоботии ҲХДТ таъсис дода шуд.
Ба қавли Усмон Солеҳ, мудири шӯъбаи таблиғот, иттилоот ва матбуоти Дастгоҳи КИМ ҲХДТ, натиҷаҳои фаъолияти бахши ҳизб дар вилоятро Латифзода мусбат арзёбӣ намуд. «Дар ҷаласа ҳисоботи Одилҷон Маҳкамов, роҳбари фраксияи ҲХДТ дар маҷлиси вакилони халқи вилояти Хатлон шунида шуд», - иброз дошт ӯ.
Зимнан зикр гардид, ки иштирокчиёни ҷаласа нақшаи баргузории конфронсҳо оид ба пешбарии номзадҳо ба вакилӣ дар палатаи поёнии парлумон аз ҳавзаҳои интихоботии якмандатиро тасдиқ намуданд.
Ба гуфтаи Усмон Солеҳ, ситодҳои пешазинтихоботии ҲХДТ рӯзҳои наздик дар тамоми вилоят ва шаҳру ноҳияҳо таъсис дода мешаванд. «Ситоди марказии пешазинтихоботии ХҲДТ-ро муовини аввали тозаинтихобшудаи раиси ҳизб Саидмурод Фаттоҳзода роҳбарӣ мекунад», - афзуд номбурда.



Ҷашни Меҳргон дар Душанбе чӣ гуна таҷлил гардид?
Дар Душанбе шаҳраки нави саноатӣ ва се корхонаи калон ба истифода дода шуд
Интиқодҳо аз сабқати Асҳоб Тамаев дар Душанбе. Дар Тоҷикистон пойгаи мошинҳо иҷозат аст?
“Як паёмак сабаб шуд”. Додситонии Хатлон бархе ҷузъиёти ба дарё андохтани 4 кӯдак аз сӯи модарашонро шарҳ дод
"Моҳӣ дар шаст” соҳиби Шоҳҷоизаи Синамоҷашнвораи байналмилалии “Тоҷи Сомон” шуд. Боз кӣ ва чӣ ҷоиза гирифт?
Боздошти як нафари дигар бо гумони қаллобӣ дар фурӯши хона дар Душанбе
“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи "Киштии Нӯҳ"-и Юнус Юсуфӣ | Қисми 3
Даргузашти Кароматуллоҳи Мирзо, Нависандаи халқии Тоҷикистон дар 83-солагӣ
Нон дар Тоҷикистон чанд сомонӣ аст?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 20 октябри соли 2025
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста