Дар вохӯрӣ бо намояндагони васоити ахбори умум сафири Русия дар Тоҷикистон Игор Лякин-Фролов изҳор намуд, ки Ғарб бидуни шакку шубҳа хостори муташанниҷ шудани вазъ ва тағйири сохтори ҳукуматдорӣ дар Русия буда, сиёсатмадорони кишварҳои Ғарб ошкоро мегӯянд, ки таҳримҳоро чунин мебояд роҳандозӣ кард, ки иқтисоди Русияро тахриб намуда, эътирози мардумро ба вуҷуд оварад.
«Ҳамин тариқ, алайҳи Русия таҳримҳо ҷорӣ шуданд, ки ба 50 нафар шаҳрвандон ва 47 ширкату бонкҳои Русия дахл доранд, вале пешвоёни Ғарб чандин маротиба изҳор доштанд, ки таҳримҳо муқобили мардуми оддӣ нест, вале намефаҳманд, ки ин таҳримҳо ҳаёти мардумро низ мушкил месозад ва бо назардошти робитаҳои ҷиддии иқтисодии кишварҳои мо, ин мушкилот ба Тоҷикистон ҳам таъсир хоҳад расонид», - иброз дошт ӯ.
Лякин-Фролов мутмаин аст, ки «пас аз ин Русия боз ҳам пурқувваттару пуриқтидортар мешавад». «Артиши мо муосир ва пуриқтидор аст. Барои ҳимоят аз озодиҳои худ нерӯву ирода ва ҷасорати мо басанда аст. Ҳамчунин барои ҳимоят аз иттифоқчиёнамон дар Созмони Аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ», - қайд кард сафир.
Дар робита ба масъалаи Қрим сафир зикр кард, ки дар он ҷо раъйпурсӣ доир гардида, аксари кулли мардум ба ҳамроҳшавӣ ба Русия овоз доданд. «Албатта он ҷо низомиёни Русия ҳузур доштанд, вале танҳо барои таъмини амният дар маъракаи раъйпурсӣ. Ҳамаро маҷбур кардан ба овоздиҳӣ ғайриимкон буд. Сипас қарори парлумони қонунии ҳанӯз соли 2010 интихобшудаи Қрим қабул шуд», - гуфт вай.
Дар идомаи ин мавзӯъ Лякин-Фролов ҳамчунин қайд кард, ки ҳамроҳшавии Қрим ба ҳайати Русия комилан мутобиқи меъёрҳои байнулмилалӣ дар он ҷо ва ҳуқуқи дар Оинномаи СММ зикршудаи миллатҳо ба худмуайянкунӣ (дар мисоли қазияи Косово) сурат гирифт. «Қарори ба ҳайати Русия ҳамроҳ кардани Қрим ва Севастоопол комилан қонунӣ буда, бояд ба он эҳтиром гузошта шавад. Қрим нодиру беҳамто буда, сарзамини русҳо аст ва ба таъкиди В.В. Путин, дар ҳайати Русия то абад боқӣ мемонад», - афзуд дипломати Русия.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста