Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба сарвазири Ҷопон Синдзо Абэ ба муносибати пирӯзии ҳизбаш ва муҷаддадан интихоб гардидан ба ҳайси сарвазири ин кишвар барқияи табрикӣ фиристод.
Бино ба иттилои хадамоти матбуоти сарвари давлат, дар барқия зикр мегардад, ки Тоҷикистон густаришу таҳкими равобит бо Ҷопонро аз самтҳои муҳим ва афзалиятноки сиёсати хориҷии худ дониста, муътақид аст, ки равобити васеъ ва мутақобилан судманди ду кишвар ба манфиати халқҳои ҳарду кишвари дӯст, субот ва амнияти минтақа ва ҷаҳон мебошад.
«Боиси қаноатмандист, ки муносибатҳои созандаву рушдёбандаи мо дар солҳои охир бо Ҷопон на фақат дар асоси дуҷониба, балки дар чаҳорчубаи равобити бисёрҷониба низ пайгирона густариш меёбанд ва мазмуну мундариҷаи фарохтар касб менамоянд», - омадааст дар барқия.
Дар фарҷоми барқия ба сарвазири Ҷопон ва мардуми он сиҳҳатмандиву комёбӣ ва рифоҳу шукуфоӣ таманно шуда, изҳор умедворӣ мешавад, ки дар давраи нави фаъолияти сарвазири тозаинтихоб бо саъю кушишҳои дуҷониба муносибатҳои ду кишвар боз ҳам рушд хоҳанд ёфт.



Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста