Шумори номзадҳо ба 22 курсии палатаи поёнии парлумон аз ҳизбҳои сиёсӣ то имуз ба 125 нафар расид. Дар ин бора ба «Азия-Плюс» як манбаъ аз КМИР Тоҷикистон хабар дод.
Бино ба иттилои манбаъ, то субҳи имрӯз аллакай 6 ҳизби сиёсии кишвар ба КМИР рӯйхатҳои ҳизбии худро пешниҳод намуданд.
Хотиррасон шуд, ки ба рӯйхати Ҳизби халқии демократии Тоҷикистон – 28, Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон – 28, Ҳизби ислоҳоти иқтисодии Тоҷикистон – 6, Ҳизби сотсиалистии Тоҷикистон – 7, Ҳизби демократии Тоҷикистон – 4 ва Ҳизби аграрии Тоҷикистон – 15 нафар номзадҳо шомил шудаанд.
Зимнан зикр гардид, ки рӯзи шанбеи ҳафтаи сипаришуда боз ду ҳизби дигар – Ҳизби коммунист ва Ҳизби сотсиал-демократии Тоҷикистон низ анҷумани пешазинтихоботии худро доир намуда, рӯйхатҳо ҳизбиашонро тасдиқ карданд. Ҳамин тариқ, тибқи рӯйхати ҳизбии ҲСДТ – 22 номзад ва ҲКТ – 15 номзад ба вакилӣ пешбарӣ гардиданд.
Ёдрас мекунем, ки палатаи поёнии парлумони Тоҷикистон аз 63 нафар вакилон иборат аст, ки 22 нафар тибқи рӯйхатҳои ҳизбӣ аз ҳавзаи ягонаи умумиҷумҳуриявӣ ва 41 нафар вакилон аз ҳавзаҳои якмандатӣ интихоб карда мешаванд.



Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста