Имрӯз, 30-юми декабр маъракаи пешбарии номзадҳо ба вакилӣ дар палатаи поёнии парлумон аз ҳавзаҳои интихоботии якмандатӣ оғоз гардид.
Роҳбари дастгоҳи Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсӣ (КМИР)-и Тоҷикистон Абдуманнон Додозода ба «Азия-Плюс» дар ин робита иттилоъ дод, ки маъракаи пешбарии номзадҳо ба вакилӣ дар палатаи поёнии парлумон дар 41 ҳавзаи якмандатӣ 15-уми январ ба итмом мерасад. «Аз 15 то 31-уми январ КМИР номзадҳо ба вакилиро расман ба қайд мегирад», - иброз дошт номбурда.
Ёдрас мекунем, ки 8 ҳизби сиёсии ҷумҳурӣ дар анҷуманҳои пешазинтихоботии худ ба 22 курсии вакилӣ дар палатаи поёнии парлумон тибқи рӯйхатҳои ҳизбӣ аз ҳавзаи ягонаи умумиҷумҳуриявӣ 125 нафарро пешбарӣ намуданд.
Палатаи поёнии парлумони Тоҷикистон аз 63 нафар вакилон иборат аст, ки 22 нафар тибқи рӯйхатҳои ҳизбӣ аз ҳавзаи ягонаи умумиҷумҳуриявӣ ва 41 нафар вакилон аз ҳавзаҳои якмандатӣ интихоб карда мешаванд.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста