Раиси Ҳизби коммунисти Тоҷикистон, вакили палатаи поёнии парлумон Шодӣ Шабдолов бар ин назар аст, ки аз моҳи апрел ба моҳи январ гузаронидани санаи ироаи паёми президент ба парлумон тасмими дуруст аст.
Ба гуфтаи ӯ, ҳадафҳои президент ва ҳукумат оид ба сиёсати дохилӣ ва хориҷӣ, вазифаҳои иҷтимоиву иқтисодӣ мантиқан бояд аввали соли молиявӣ гузошта шаванд, ки дар Тоҷикистон 1-уми январ оғоз мегардад.
«Иҷрои вазифаҳое, ки президент назди ҳукумат ва мақомоти дахлдор дар моҳи апрел зимни ироаи паём мегузорад, хеле душвор аст, чунки барои иҷрои онҳо воқеъан ҳам 7-8 моҳ боқӣ мемонад», - иброз дошт раиси ҲКТ.
Дар идома ӯ изҳори итминон кард, ки минбаъд ироаи паёмҳои ҳамасолаи президент ба парлумон аввали сол сурат мегиранд. «Чунин таҷриба дар Русияву Қазоқистон ва бисёр кишварҳои дигари ҷаҳон роиҷ аст», - афзуд Шабдолов.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста