Дар асоси пешниҳоди Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон, Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи таъсиси 35 ҳавзаҳои интихоботӣ дар қаламрави 27 кишвари хориҷӣ қарор қабул кард.
Бино ба маълумоти КМИР Тоҷикистон, ҳавзаҳои интихоботӣ дар сафоратхонаҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Австрия (шаҳри Вена), Аморати Муттаҳидаи Араб (шаҳри Абу Забӣ), Ҷумҳурии Исломии Ағонистон (шаҳри Кобул), Ҷумҳурии Беларус (шаҳри Минск), Шоҳигарии Белгия (шаҳри Брюссел), Шоҳигарии Британияи Кабир ва Ирландияи Шимолӣ (шаҳри Лондон), Ҷумҳурии Қазоқистон (шаҳри Остона), давлати Қатар (шаҳри Давҳа), Ҷумҳурии Қирғизистон (шаҳри Бишкек), давлати Кувайт (шаҳри Ал Кувайт), Ҷумҳурии Мисри Араб (шаҳри Қоҳира), Ҷумҳурии Озарбойҷон (шаҳри Боку), Ҷумҳурии Федеративии Олмон (шаҳри Берлин), Ҷумҳурии Исломии Покистон (шаҳри Исломобод), Федератсияи Россия (шаҳри Москва), Шоҳигарии Арабистони Саудӣ (шаҳри Риёз), Ҷумҳурии Туркия (шаҳри Анқара), Туркманистон (шаҳри Ашқобод), Украина (шаҳри Киев), Ҷумҳурии Ӯзбекистон (шаҳри Тошканд), Ҷумҳурии Фаронса (шаҳри Париж), Ҷумҳурии Халқии Хитой (шаҳри Пекин), Ҷумҳурии Ҳиндустон (шаҳри Деҳлӣ), Конфедератсияи Швейтсария (шаҳри Женева), Штатҳои Муттаҳидаи Америка (Вашингтон); Ҷумҳурии Исломии Эрон (шаҳри Теҳрон), Япония (шаҳри Токио), консулгариҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳрҳои Алмаато (Ҷумҳурии Қазоқистон), шаҳри Дубай (Амороти Муттаҳидаи Араб), шаҳри Истамбул (Ҷумҳурии Туркия), шаҳри Екатеринбург (Федератсияи Россия), шаҳри Уфа (Федератсияи Россия), шаҳри Қундуз (Ҷумҳурии Исломии Ағонистон), шаҳри Мазори Шариф (Ҷумҳурии Исломии Ағонистон) ва шаҳри Файзобод (Ҷумҳурии Исломии Ағонистон) таъсис дода мешаванд.
Нисбат ба интихоботи президентии санаи 6-уми ноябри соли гузашта ва интихоботи парлумонии моҳи феврали соли 2010 шумори қитъаҳои интихоботӣ дар маъракаи интихоботи парлумонӣ дар моҳи феврали соли оянда дар хориҷи кишвар хеле камтар аст.
Сабаби кам шудани шумори қитъаҳои интихоботӣ дар хориҷи кишвар тағйироту иловаҳои воридшуда ба қонунгузории интихоботии Тоҷикистон мебошад, ки мутобиқи онҳо қитъаҳои интихоботӣ дар хориҷи кишвар танҳо дар қаламрави намояндагиҳои расмии дипломатии ҷумҳурӣ дар кишварҳои хориҷӣ ташкил карда мешаванд.
Ёдрас мекунем, ки дар маъракаи интихоботи президенти Тоҷикистон санаи 6-уми ноябри соли гузашта дар Русия - 24, Афғонистон – 4, Туркия, ИМА, Эрон, Арабистони Саудӣ, Аморати Муттаҳидаи Араб, Чин ва Қазоқистон – 2-тогӣ, Ӯзбекистон, Ҷопон, Қирғизистон, Покистон, Ҳиндустон, Миср, Озарбойҷон, Туркманистон ва як қатор кишварҳои дигари аврупоӣ – 1-тогӣ қитъаҳои интихоботӣ боз гардида буданд.
Дар интихоботи парлумонии моҳи феврали соли 2010 дар Тоҷикистон дар 8 шаҳри бузурги Русия барои раъйдиҳии шаҳрвандони ҷумҳурӣ қитъаҳои интихоботӣ ифтитоҳ гардида буданд.



Ҷашни Меҳргон дар Душанбе чӣ гуна таҷлил гардид?
Дар Душанбе шаҳраки нави саноатӣ ва се корхонаи калон ба истифода дода шуд
Интиқодҳо аз сабқати Асҳоб Тамаев дар Душанбе. Дар Тоҷикистон пойгаи мошинҳо иҷозат аст?
“Як паёмак сабаб шуд”. Додситонии Хатлон бархе ҷузъиёти ба дарё андохтани 4 кӯдак аз сӯи модарашонро шарҳ дод
"Моҳӣ дар шаст” соҳиби Шоҳҷоизаи Синамоҷашнвораи байналмилалии “Тоҷи Сомон” шуд. Боз кӣ ва чӣ ҷоиза гирифт?
Боздошти як нафари дигар бо гумони қаллобӣ дар фурӯши хона дар Душанбе
“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи "Киштии Нӯҳ"-и Юнус Юсуфӣ | Қисми 3
Даргузашти Кароматуллоҳи Мирзо, Нависандаи халқии Тоҷикистон дар 83-солагӣ
Нон дар Тоҷикистон чанд сомонӣ аст?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 20 октябри соли 2025
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста