Президенти Қирғизистон Алмазбек Отамбоев қонун дар бораи тасдиқи Созишнома миёни ҳукуматҳои Қирғизистону Тоҷикистон дар бораи сохтмони ду пул ва қитъаҳои роҳи мошингард миёни марзҳои давлатии ҳарду кишварро, ки оид ба он санаи 31-уми марти соли 2014 дар Душанбе тавофуқ ҳосил шуда буд, ба имзо расонид. Дар ин бора АКИпресс хабар медиҳад.
Бино ба иттилои агентии мазкур, президенти кишвари ҳамсоя ба Вазорати корҳои хориҷии кишвараш дастур додааст, ки ҷониби Тоҷикистонро дар бораи аз ҷониби Қирғизистон ба иҷро расидани расмиёти дохилидавлатии зарурӣ барои мавриди амал қарор гирифтани созишномаи мазкур огоҳ созад. Қонун аз санаи интишор шуданаш ҳукми қонунӣ мегирад.
Дар ҳамин ҳол, Отамбоев рӯзи 27-уми декабр зимни мулоқот бо рӯзноманигорон дар ин робита изҳор намудааст, ки пас аз вохӯрии ӯ бо президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба эътидол омадани вазъ дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон оғоз гардид. Дар ин бора Вечерний Бишкек хабар медиҳад.
«Вазъи имрӯзу аввали сол куллан фарқ дорад. Агар дар нимсолаи аввал мо ҳатто марзҳоро мебастем, пас аз вохӯрии мо бо Эмомалӣ Раҳмон дар моҳи сентябр ва суҳбату ошкор ҳамаи масъалҳо ҳаллу фасл шуданд. Ҳатто сохтмони пулҳое, ки сари онҳо мо 4 сол баҳс доштем, дар ниҳояти кор шурӯъ шуд», - гуфтааст президенти Қирғизистон.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста