Генерал-майори милиса, сардори Раёсати ВКД Тоҷикистон дар вилояти Хатлон Анвар Тағоймуродови 54-сола аз ҳавзаи интихоботии Қӯрғонтеппа номзад ба вакилӣ дар палатаи поёнии парлумон пешбарӣ шуд.
Тавре ба «Азия-Плюс» як манбаъ аз ҳукумати ҷумҳурӣ хабар дод, номзадии ӯро Ҳизби халқии демократии Тоҷикистон дастгирӣ намудааст.
Анвар Тағоймуродов хатмкардаи шуъбаи Мактаби олии милиса дар шаҳри Тошканд буда, соли 1982 ба вазифаи ваколатдори шуъбаи кофтукови ҷиноии шаҳри Кӯлоб таъин ва дар ин ҷо то ба мансаби муовини сардори шуъбаи кофтукови ҷиноии Раёсати ВКД-и шаҳр фаъолият намудааст.
Ҳамчунин соли 1982 сардори шуъбаи кофтукови ҷиноии Раёсати ВКД дар вилояти Хатлон ва соли 1999 муовини сардори Раёсати ВКД дар вилояти Хатлон таъин гардида, минбаъд ба ҳайси муовини сардори Раёсати ВКД дар минтақаи Кӯлоби вилояти Хатлон ифои вазифа кардааст. Давоми солҳои 2000-2005 – вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии ҶТ.
Соли 2005 дар мансаби муовини аввали сардори Раёсати ВКД дар вилояти Хатлон, аз соли 2005 то соли 2009 дар вазифаи сардори Раёсати кофтукови ҷиноии ВКД Тоҷикистон ва аз соли 2009 то соли 2011 дар мансаби сардори Раёсати мубориза бо ҷинояткории муташаккилонаи ВКД Тоҷикистон адои хизмат намудааст.
Аз соли 2011 то соли 2012 – муовини вазири корҳои дохилии Тоҷикистон. Соли 2012 сардори Раёсати ВКД Тоҷикистон дар вилояти Хатлон таъин шуд.
Ёдрас мекунем, ки моҳи январи соли 2011 зимни ифоаи вазифа ба ҳайси сардори Раёсати мубориза бо ҷинояткории муташаккилонаи ВКД Тоҷикистон Анвар Тағоймуродов аз болои газетаи «Азия-Плюс» ба суди ноҳияи Фирдавсӣ шикоят бурда, аз суд дархост намуда буд, ки ба манфиати ӯ аз нашрия 1 млн. сомонӣ ҷуброн пардохта шавад. Даъво сари нашри мақолаи «Тафтишот ё инквизитсия» мерафт, ки дар он оид ба истифодаи шиканҷа нисбати боздоштшудагон аз ҷониби кормандони Раёсати дар боло зикршуда ва сохторҳои он дар вилояти Суғд маълумот дода шуда буд.
Қобили зикр аст, ки дар даъвати ҳозираи палатаи поёнии парлдумони ҷумҳурӣ ҳавзаи интихоботии Қӯрғонтеппаро ҳуқуқшинос Саодат Амиршоева намояндагӣ мекунад.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста