Ҳукуматдорони ноҳияи Қумсангири вилояти Хатлон як гуна «сюрприз»-е омода намуда, ба баргузории конфронси пешазинтихоботии муштараки бахшҳои ҲНИТ дар ноҳияҳои Қумсангир, Румӣ, Панҷ ва Ҷиликӯл, ки субҳи имрӯз бояд дар толори Тоҷикматлубот-и ноҳияи Қумсангир доир мегардид, монеъа эҷод сохтаанд.
Тавре сомонаи расмии ҲНИТ дар ин робита иттилоъ медиҳад, сухангӯи ҳизб Маҳмудҷон Файзраҳмонов тавассути телефон ба маркази иттилооти ситоди итихоботии ҲНИТ хабар додааст, ки онҳо ду рӯз қабл толори Тоҷикматлубот-и ноҳияи Қумсангирро барои баргузории ин конфронс ба иҷора гирифтаанд, вале субҳи имрӯз вақте барои пурра омода кардани толор меоянд, мебинанд, ки як гурӯҳ муаллимҳо дар ин макон ҷамъ шуданду омодаи баргузориии ҷаласа мебошанд.
«Мо ночор маҷбур шудем ба дастгоҳи ҳукумати ноҳияи Қумсангир муроҷиат намоем, вале он ҷо касе аз масъулини марбута ҳузур надошт, чун гуфтанд, масъулин барои ширкат дар ҷаласа вилоят рафтанд. Касоне, ки дар дастгоҳи ҳукумати ноҳия ҳузур доштанд, изҳор доштанд, ки дирӯз масъалаи баргузории ҷаласаи муаллимон матраҳ гардида буд ва чун шуъбаи маориф толор надорад, мо ночор онҳоро ба ҳамон толори иҷорагирфтаи шумо имкони баргузории ҷаласа додем», - изҳор доштааст . М.Файзраҳмонов.
Дар идома ӯ зикр кардааст, ки ҳангоме ки бо масъулини шуъбаи маорифи ноҳия сӯҳбат кардаанд, онҳо гуфтаанд, ки намедонанд ин нишаст чанд соатро дар бар мегирад ва акнун тасмим гирифтаанд, ки бо раиси комиссияи ҳавзавии ноҳияи Қумсангир дар робита ба ин қазия суҳбату гуфтугӯ намоянд.
«Агар чунин монеъагузориҳо идома ёбанд, ночор маҷбур мешавем, дар манзили истиқоматии яке аз аъзои ҳизб конфронсро баргузор намоем. Ба ҳар ҳол, ҳоло чизе гуфта наметавонем, умед дорем ин мушкил ҳалли худро пайдо хоҳад кард, вале инро метавон "Сюрпризи муаллимҳо” дар арафаи интихобот унвон кард», - афзудааст сухангӯи ҲНИТ.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста