Роҳбари Маркази тадқиқоти стратегӣ (МТС)-и назди президенти Тоҷикистон Худойбердӣ Холиқназаров бар ин назар аст, ки Тоҷикистон бояд ҳамаҷониба талош варзад, то ки ба бозичаи дасти кишварҳои абарқудрати ҷаҳон табдил наёбад.
Имрӯз зимни нишасти хабарӣ дар Душанбе ӯ дар ин робита изҳор намуд, ки айни замон кишварҳои абарқудрат баҳри таҳкими нуфузи худ дар минтақаи Осиёи Марказӣ миёни ҳам рақобат доранд.
Ба андешаи Холиқназаров, феълан миёни ин кишварҳо дар минтақа ҷанги сард ҷараён дошта, аз ин рӯ, «мо бояд бикӯшем, ки он ба муноқишаи воқеъии мусаллаҳона табдил наёбад».
«Вақте дар кишварҳои минтақа кадом як ҳолатҳои зуҳури ноамнӣ ба вуҷуд оянд, русҳо маъмулан Ғарбро айбдор мекунанд ва Ғарб бошад, баръакс русҳоро», - иброз дошт ӯ.
Роҳбари Марказ таъкид дошт, ки Тоҷикистон ҷанги шаҳрвандиро паси сар намуд ва «мо ба бори дигар такрор шудани он рӯйдодҳо бояд дигар роҳ надиҳем».




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста