Дар ноҳияи Восеъ Конфренсияи муштараки бахшҳои Ҳизби аграрии Тоҷикистон (ҲАТ) дар ноҳияҳои Балҷувон ва Темурмалик баргузор гардид.
Тавре аз маркази матбуоти ҲАТ хабар доданд, дар конфренсия, ки дар он вакилони ҳизби аз ин се ноҳия ширкат варзиданд, номзадии Сафаров Зайниддин ба вакилӣ дар Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҳавзаи Восеъ 39 пешбарӣ гардид.
Гуфта мешавад, се ноҳияи мазкур ба истиснои ду ҷамоати ноҳияи Восеъ ба ҳавзаи интихоботии №39 шомил буда, дар он зиёда аз 100 ҳазор интихобкунанда сукунат дорад.
Зимнан зикр мегардад, ки Ҳизби аграрии Тоҷикистон дар барномаи худ рушди деҳот, ки беш аз 74 %-и аҳолӣ дар он иқомат доранд ва бахши кишоварзии ҷумҳуриро дар мадди аввал гузошта, онро асоси пешрафти иқтисодиёти ҷумҳурӣ ва баланд бардоштани сатҳи некӯаҳволии мардуми кишвар донистааст.
Қобили зикр аст, ки Сафаров Зайниддин соли 2013 аз ҳавзаи Восеъ 39 вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб гардида, то ҳол дар даъвати ҳозираи парлумон фаъолият менамояд.



Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста